
Шабнаму Ҷалол (номҳо шартианд) хонадор шуданду Ҷалол ба Федератсияи Русия рафт. Баъди интизориҳои зиёд Ҷалол меояд ва онҳо кӯдакдор мешаванд. Баъди чанд вақт Ҷалол бемор мешавду баъди муоина ба ӯ ташхиси ВИЧ-СПИД мегузаронанд. Бадтараш он аст, ки ӯ аллакай дар марҳилаи охири беморӣ қарор дошта ва роҳи наҷот, ӯро дигар набуд.
Пас аз фавти Ҷалол Шабнамро низ аз ташхис гузаронида ва дар хуни ӯ низ ВНМО пайдо намуданд. Кӯдаки се моҳаи онҳо низ дар омӯзиш қарор дорад.
Аз рӯйи нақли наздикони шавҳар маълум шуд, ки Ҷалол аз сироятёбии худ бохабар буда, муолиҷаро дар Русия оғоз карда, то охир давом надодааст.
Бино ба гуфти Шабнам, шавҳараш дар давоми 16 соли дар Маскав кору зиндагӣ мекарданаш, бо 8-9 зан хонадор шуда, бо занҳои зиёд алоқаи маҳрамона доштааст. Ин нуктаро худи Ҷалол бо духтурон қайд кардааст..
- Шабнам дар оилаи миёнаҳол тарбия ёфтаву маълумоти олӣ надорад, дар ҷое кор намекунад. Илова ба ин, падару модари маъюб дорад, -гуфт яке аз иштирокдорони семинар, ки дар Шӯрои адлияи ҶТ, вобаста ба мавзӯи «Ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ» баргузор гашт.
Ин саргузашт дар ҳоле нақл карда шуд, ки мавзӯи баҳс ифшо нашудани беморони ВНМО боиси гирфторшавии нафари дигар мегардад, буд. Сари ин мавзуъ мо низ андешаи чанд тан аз мутахассисонро гирифтем.
Дилшод Сайбурҳонов муовини директори муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО»
-То чӣандоза махфӣбудани номи гирифторони беморони ВНМО ба манфиат аст?
-Тибқи моддаи 4 –уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасогии масуният» давлат риояи тамоми ҳуқуқ ва озодиҳоро ба одамони аз ВНМО сироятёфта ва мубталои ин беморӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо кафолат медиҳад.
Дар асоси моддаи 11-уми Қонуни мазкур маълумот дар бораи сирояти ВНМО ё мубталои ин беморӣ сирри табибӣ буда, онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз мекунад.
Аз ин хотир, маълумотҳо оиди сироятёфтагони ин беморӣ махфӣ буда, танҳо ба хотири амнияти беморон аз таъбизу тамғагузорӣ (стигма ва дискриминация) дар байни ҷомеа ин тадбир андешида шудааст. Тибқи моддаи 25 қонуни номбурда «Дидаю дониста зери хатари сироят гузоштан ё сироят кунондани шахси дигар (ё якчанд шахс) бо ВНМО аз ҷониби шахсе, ки ба сирояти ВНМО гирифтор буданашро медонад, боиси ҷавобгарии ҷиноятии муқаррар кардаи Қонунгузории ҶТ мегардад». Инчунин, дар банди дигари моддаи мазкур омадааст, ки «Шахси гунаҳгор инчунин зарареро, ки бинобар расонидани кӯмаки тиббӣ ва иҷтимоӣ ба шахси сироятшуда расонидааст, бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории ҶТ ҷуброн мекунад.».
Баҳри амалишавии моддаи зикргардида, Фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 25.04.2012 №183 ва аз 03.09.2012, №598 амал мекунанд, ки дар асоси онҳо «Варақаи хабарномаи шахс оиди сирояти ВНМО» ва «Варақаи огоҳ будани сироятёфта оиди сирояти ВНМО» тасдиқ шудаанд, ки ҳангоми суҳбат бо сироятёфта ин ҳуҷҷатҳо пур карда шуда, нисбати масъулият ва уҳдадориҳо ба шахси сироятёфта ба пуррагӣ маълумот дода мешавад.
Ҷалолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси Раёсати фатвои ҶТдар ин бора чунин гуфт:
Шармсор кардани як нафар аз тарафи нафари дигарро дини Ислом иҷозат намедиҳад, вале агар бемори ВНМО дошта, бо роҳи пинҳонӣ, яъне нигоҳ доштани сири худ, нафари дигарро мубталои бемории марговар кунад-чӣ? Шариат чӣ мегӯяд?
-Пайғамбар (с) дар ҳадиси мубаракашон мефармояд, ки «Ло зарар ва ло зирора», яъне на ба худ ва на ба дигарон зарар нарасон. На ба худ зарар қабул кунеду на ба касе зарар расонед. Дар масъалаи бемориҳои сирояткунанда дини мубини ислом иҷозат медиҳад, ки дар ин раванд аз шавҳари худ талоқ гирад, чунки ба ҳаёти зан хатар дорад. Ва агар роҳҳои пешгирии он бошад, метавонад аз он истифода намояд ва ҳамсари худро бемор насозад. Барои пинҳон кардани бемориаш бошад, аз нигоҳи дини мубини Ислом ӯ гунаҳкор дониста мешавад. Аз ин рӯ, мард ё зане, ки гирифтори беморӣ аст, бояд ошкор кунад ё паи муолиҷаи худ шавад, то касе дигарро бемор насозад.
Зафар Қурбонов, адвокат
- Дар асоси қонунгузории ҷорӣ ифшои рози шахси бахусус беморӣ ва ё ҳаёти оилавии шахс бе розигии ӯ иҷозат дода нашудааст. Тибқи моддаи 14 –и қонуни номбурда шахсони сироятёфтаи ВНМО ҳуқуқ доранд, дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ кӯмаки тиббии ройгон гиранд. Биёед, ба паҳлуҳои гуногуни он назар андозем. Шахс ба бемории ВНМО мубтало шуд, агар сирри он нигоҳ дошта нашавад, ин шахси мубтало ба беморӣ дар ҷомеа шахси носолим эътироф меёбад ва ҳеҷ кас бо ӯ ягон муносибат намекунад. Дар холе, ки ғайриахлоқи ҷинсӣ, гузаронидани хун аз шахси бемор ба шахси солим бемории ВНМО (СПИД) гузаранда намебошад. Яъне аз берун - зоҳири шахс ба бемории спид гирифтор буданаш муайян нест. Ҷомеа низ аз ин бемор хазар намекунанд. Дар чунин сурат шояд муҳлати табобат ва ё ҳаёти бемор каме тул кашад. Дар сурати ифшои ин роз бемор бар болои он ки ба бемории ҷисмӣ ва ҷинсӣ гирифтор аст, руҳан несту нобуд шуданаш мумкин аст ва ин раванд шояд сабаби марги зудраси бемор гардад, ки ин низ набояд шавад. Шахси бемор бояд худ фикр намояд, ки ӯ алакай ҳаёти худро шикастаат ва ба хотири чӣ боз ҳаёти каси дигарро мехоҳад шиканад? Ҳар шахс ҷавобгарии худро ҳам дар назди конун ва ҳам дар назди виҷдон худаш ҷавобгӯ мебошад.
Фирӯз Саидов, ҷомеашинос
-Тибқи қонун шахси бемори ВНМО дошта ҳуқуқ дорад, ки сири худро ба касе нагӯяд. Шахсоне, ки сири онҳоро мекушоянд, ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ҳатто ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан амалӣ карда мешавад. Ин қонун нафақат дар ҷумҳури мо, балки дар тамоми дунё ҷорӣ карда шудааст ва ягон кас ҳуқуқи паҳн кардани овозаро дар бораи бемории шахс надорад. Дар тайи тадқиқоти гузаронидаи Фонди глобалӣ, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маориф, ки дар баробари калонсолон хурдсолон ва кӯдакон низ иштирок карданд. Дар хулоса маълум гашт, ки беморӣ натанҳо аз рафтори ношоистаи вай пайдо шудааст. Дар бисёр ҳолатҳо аз модари бемор сироят мекунад, инчунин, баъзе ҳодисаҳо нишон додааст, ки ҳатто дар беморхонаҳо ба ин маризи дучор шудааст. Агар мо сири беморонро фош намоем, дар ҷамъият як тамғагузорӣ пайдо мешавад, ки ӯ мактабхон бошад, мактаб рафта наметавонад, агар коргар бошад, байни коргаронашон баромада наметавонад. Ҳангоми гирифтор шудан ба ин беморӣ, имунитети инсон паст мешавад, агар мо тамғагузорӣ намоем, шароити дар амал зиндагӣ кардани ӯ низ халалдор мешавад. Дар бисёр ҳолатҳо кушодани сири одам ба ҳодисаҳои фавт , яъне ба худкушӣ даст задан рух медиҳад. Савол ба миён меояд, ки оё ҷамъияти имрӯзаи мо фарҳангу маданияти қабул кардани чунин шахсиятро дорад?
–Дар ҷомеаи кунунӣҳолатҳое низ вуҷуд дорад, ки бо махфӣнигоҳдоштани шахси бемор, нафари солим сироят шудааст. Дар чунин ҳолатҳо чӣбояд кард, ки мо тавонем, ки як нафари дигарро аз дами беморӣнигоҳдорем?
–Агар шахс донад, ки ба ҳамин беморӣ гирифтор асту дар вақти алоқаи ҷинсӣ ба дигар касро сироят мекунад, аз рӯйи қонун ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
…Мутаассифона дар ҷумҳурии мо бештари беморони ВНМО аз ташхис намегузаранд, шояд худи онҳо бехабар аз бемории хеш бошанд. Аз ин рӯ, бояд мубориза пурзӯр карда шавад. Дар масъалаи аввала қайд кардан ба маврид аст, ки бо ифшо кардани номи беморон, дар байни дигар давлатҳо шояд обрӯи худро паст менамоем.
Маҳина Давлатова
«Тоҷикистон»