Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Полковник Амакиев дар зодгоҳи падараш ба хок супорида шуд

$
0
0

Фармондеҳи  гурӯҳи зиддитеррористии "Алфа"-и КДАМ ҶТ Рустам Амакиев, ки  имрӯз дар зодгоҳи падараш-ноҳияи Восеъ ба хок супорида шуд.

Полковник Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи махсуси "Алфа"-и КДАМ буда, ҳангоми амалиёт бар зидди гурӯҳи террористии Назарзода кушта шуд.

Ёдрас мешаевем, ки  шоми 15 сентябри соли равон дар мавзеи Покрӯди дараи Ромит, ки байни неруҳои амниятии Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи мусаллаҳи собиқ муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода даргириҳои шадид  ҷараён гирифт, чандин корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба  ҳалок  расиданд.

Маълумотнома

Рустам Амакиев соли 1974 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Хатмкардаи   Донишгоҳи ҳарбии фармондеҳии неруҳои десанти ҳавоии шаҳри Рязани Русия. Аз сӯи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста бо ордени "Шараф" , дараҷаи 2 ва медали "Ҷасорат"қадрдонӣ шудааст.  Оиладор,  соҳиби як фарзанд. 

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>