
Ҷасади Ҷаҳонгир Насриддинов, сокини 15-солаи маҳаллаи 63-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, аз дарёи Душанбе пайдо гардидааст.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо тасдиқи ин хабар гуфтааст,ки ҷасади ин хонандаи мактаб ду рӯз қабл ёфт шудааст: “Дастаи зудамали ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Душанбе 5 сентябри соли ҷорӣ соати 13:02 ҷасади Ҷаҳонгир Насриддиновро аз дарёи Душанбе берун карда, ба кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ супориданд”.
Пайвандони Ҷаҳонгир рӯзи 3 сентябр гуфта буданд, ки ӯ субҳи 31 август барои хариди дафтару китоб аз хона берун шуда, бедарак гардидааст
Addthis: