Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Боз чор тан ҷинояткор кушта шуд, боқимондаҳо дар иҳотаанд

$
0
0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дирӯз  аз кушта шудани чор ва боздошти ҳафт узви дигари гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар ҷараёни амалиёти мақомоти қудратии кишвар дар дараи Ромит хабар дод.

Ин ниҳод мегӯяд, "аз ин афрод миқдори зиёди яроқу аслиҳа, аз ҷумла 18 автомати “АКМ”, 50 тирдон ва миқдори зиёди тир дарёфт ва мусодира карда шуд."Ба ин тартиб, ба иттилои расмии мақомот дар маҷмуъ 17 тан аз ҳамроҳони Абдуҳалим Назарзода кушта ва чиҳил тани онҳо боздошт гардидаанд. Мақомоти корҳои  дохилӣ мегӯянд, ки амалиёти якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат барои боздошту безарар кардани аъзои гурӯҳи,  террористии Абдуҳалим Назарзода идома дорад.

ВКД  6 сентябр эълон кард, ки аъзои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини собиқи вазири дифои кишвар ҳар моҳ саддолларӣ ва маводи ғизоӣ дарёфт мекардаанд. Вазорат манбаи ин пулҳоро ошкор накарда, вале Сироҷиидин Одинаев, маъруф ба лақаби Ҳоҷӣ Сироҷ, корманди пешини Вазорати дифоъро ҳамчун хазинадор ё "кассир"-и ин гурӯҳ муаррифӣ намудааст. Ба иттилои ВКД, аъзои ин гурӯҳ шаби 3 ба 4 сентябр низ дар хонаи Ҳоҷӣ Сироҷ дар кӯчаи Сари Осиёи шаҳри Душанбе ҷамъ омада будаанд. "Онҳо мунтазир ба дастури Ҳоҷӣ Ҳалим буданд. Сироҷиддин Одинаев ҳамчун хазинадори гурӯҳи ҷиноятпеша фаъолият намуда, барои нигоҳдории гурӯҳи ғайриқонунӣ ба аъзои гурӯҳ моҳона 100 доллари ИМА ва маводи ғизоӣ медодааст," -- афзуд дафтари матбуоти ВКД.

ВКД-и Тоҷикистон Фозилбек Аюбов ва Хуршед Холиқовро ҳамчун муҳофизони ғайриқонунии Ҳоҷӣ Ҳалим муаррифӣ карда, аз фирори Файзулло Абдуллоев, сокини маҳаллаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ ва узви ин гурӯҳ низ хабар дод. Абдуллоев барои итоат накардан ба кормандони пулис ва оташ кушодан ба сӯи онҳо айбдор мешавад. 

​Аз ин пеш вазорати дохила аз боздошти ду афсари Вазорати дифои кишвар барои "мусоидат"ба иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат хабар дода буд. Аз онҳо подполковник Мустафо Назаров, муовини командири бригадаи десантии қисми низомии Вазорати дифоъ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва майор Насим Юсуфов, нозири калони Раёсати молия ва буҷаи Вазорати дифоъ ном бурда мешавад. Санҷиши дохилӣ дар ин вазорат ва ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон ҷараён дорад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин аз нақшаи  ҳамлаҳо огоҳ будаанд ва имкон доштанд, ки бо хабар додан ба мақомот аз ҳамлаҳо ва хунрезӣ ҷилавгирӣ кунанд. "Аммо бетарафӣ ва мусоидати онҳо ба гурӯҳи ҷиноятпеша боис ба нооромӣ ва куштор гардид,"– гуфтаанд дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ. 

Ин ниҳод барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, ки аз созмондиҳандагони ҳамлаҳои мусаллаҳонаи 4 сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат дониста мешавад, ду корманди пешини мақомоти ҳифзи ҳуқуқро низ айбдор кард. Аз ин афрод Баҳодур Кабиров ва Тоҷиддин Собиров ном бурда мешавад, ки ҳарду дар нафақа буда, ба иттилои мақомоти расмӣ наздик ба 1 ҳазор сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирифтаанд.

"Оиладор, соҳиби зану фарзанд, хонаву дар ва автомашина буда, камбуде надоранд. Бо чунин амали худ сабаби марги чанд тан аз афроди бегуноҳ гардиданд," -- мегӯяд Вазорати корҳои дохилӣ. Худи ин афрод дар сӯҳбат бо муфаттишон аз чунин амалкарди хеш изҳори пушаймонӣ карда, гуфтаанд, ки ноогоҳона аз ин кори Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳонаш пуштибонӣ кардаанд. 

Бино ба хабари Вазорати корҳои дохилӣ то кунун 35 тан аз аъзои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт шудаанд, ки дастгир намудани се нафари онҳо бо ёрии сокинони шаҳри Ваҳдат имконпазир шудааст. Мақомот то ин дам аз кушта шудани 13 узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода низ хабар дода, мегӯянд, ки ҷустуӯи худи ӯ ва ҳамроҳони боқимондааш дар Ромит идома дорад. 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>