
Президенти Тоҷикистон, субҳи 31 август бо сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоб рафта, аввал оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, маъруф бо номи Ҳазрати Амирҷонро зиёрат кард.
Имсол Тоҷикистон 700-солагии Ҳамадониро ҷашн мегирад ва зиёрати Эмомалӣ Раҳмон низ бештар ба ин сана рабт дорад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд,ки ба муносибати ин ҷашн Осорхонаи шафати оромгоҳ ва гунбазҳои мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ азнавсозӣ шудаанд. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар минтақаи Кӯлоб аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Ӯ соли 1314 дар шаҳри Ҳамадони Эрон таваллуд шуда, соли 1386 пас аз сафарҳои тӯлонӣ вафот кардааст ва тибқи васияти шогирдон ӯро дар шаҳри Кӯлоб дафн намудаанд. "Захират-ул-мулук", "Рисолаи Баҳромшоҳия"аз зумраи осорҳои маъруфи сиёсӣ ва фалсафии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба шумор мераванд.Интизор меравад, ки президентдар ҷараёни сафараш ба Кӯлоб аз маҳалли 8 иншооти тозабунёд боздид ва баъзеи онро мавриди истифода қарор бидиҳад. Аз ҷумла, бинои нави Донишгоҳи шаҳри Кӯлобро мавриди истифода қарор дода, дарси сулҳи имсоларо бо донишҷӯёни ин минтақа хоҳад гузаронд.