
Муовини ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико Даниэл Розенблюм, дар умури Осиёи Марказӣ баъди боздидаш аз Тошкнад шаби 30 август бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд.
Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин сафари Розенблюм то 3 сентябр идома хоҳад кард. Дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон ин намояндаи Департаменти давлатии Аёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мақомоти расмии кишвар дидору гуфтугӯ карда, бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мулоқот мекунад.
Аз аввали соли ҷорӣ ин сафари дувуми Даниэл Розенблюм ба Тоҷикистон аст. Ӯ моҳи феврал низ ба Душанбе омада буд.
Addthis: