Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Президент бо Остин мулоқот намуд

$
0
0

Дар Душанбе имрӯзмузокироти президент Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Ситоди  марказии ИМА генерал Ллойд Остин баргузор шуд.

Дафтари матбуоти президенти  Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ин мулоқотмасоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар масоили амнияту бехатарӣ  баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот ба зарурати таҳкими сулҳу субот дар минтақа таъкид карда гуфтааст, ки ҳама гуна ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар ин ришта  бо вазъи Афғонистон иртиботи қавӣ дорад.

Ллойд Остин ба саҳми Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидати он ба нерӯҳои байналмилалии ҳофизи сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд додааст. Нирӯҳои байналмилалӣ таҳти раҳбарии НАТО охири соли 2014 Афғонистонро тарк карда масъулияти таъмини амният дар ин кишварро ба дӯши нирӯҳои миллии ин кишвар вогузор карданд. Генерали амрикоӣ гуфтааст, ки  Тоҷикистон бо мавқеи калидии худ дар минтақа ва марзи тӯлонияш бо Афғонистон дар ростои таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷиддӣ қарор дорад.

Дар ин мулоқот  ҳамчунин доир ба вазъи сиёсиву амниятии ҷаҳон, аз ҷумла минтақаҳои доғи мисли Ховари Миёна сӯҳбат шудааст.

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>