Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Наталя Савина: Роҳи донишҷӯёни тоҷик ба Аврупо боз аст

$
0
0

Кушодашавии факултети муштараки тоҷикиву украинӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон қадаме ба рушди маорифи кишвар дониста мешавад. Донишҷӯёне, ки дар ин факултет таҳсил мекунанд, метавонанд, соҳиби дипломи байналмилалӣ гарданд ва роҳи онҳо ба давлатҳои Аврупо боз аст.Факултети муштарак дар асоси шартномаи байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодабарии табиати шаҳри Ровнои Украина кушода шудааст. Наталя Борисовна Савина, номзади илмҳои иқтисод, профессор, проректор оид ба масъалаҳои илм ва робитаи байналмилали Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодабарии табиати шаҳри Ровнои Украина барои шиносоӣ аз кори факултети мазкур ба Душанбе ташриф овард. Ба мо муяссар гардид, ки бо  ӯ мусоҳибае  анҷом диҳем.

-Наталя Борисовна, ба Душанбе хуш омадед. Тавре маълум, солҳои охир аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Махсусан, донишкадаву донишгоҳҳои олӣ таҷдиди сохтор гардида, ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ кушода мешаванд. Ҳадаф аз кушодашавии факултети муштараки тоҷикиву украинӣ дар ДТТ чист?

-Ташаккур. Факултети муштараки тоҷикиву украинӣ барои рушди соҳаи маорифи ҳарду кишвар-Тоҷикистону Украина мусоидат менамояд, зеро дар ин ҷо имкониятҳои зиёде барои донишомӯзии донишҷӯён фароҳам оварда шудааст.  Мо чандин масъаларо бо Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон омӯхта зина ба зина аз пайи амалишавии он ҳастем. Факултети муштарак асосан барои омода намудани мутахассисони соҳаи иқтисод: ихтисосҳои менеҷмент, молия ва қарз, фаъолияти бонкдорӣ, автоматика, техника ва технология, нанотехлогия,  экология, меъморӣ ва ғайра мебошад, ки ба онҳо барои  Тоҷикистон муҳиманд. Мо ният дорем, ки дар асоси омӯзиши таҷрибаи ҷонибҳо  ин ихтисосҳоро дар факултет ҷорӣ намоем. Агар он нақшаҳое, ки мо дар соҳаи маориф ҷорӣ кардани ҳастем, шаванд, ба манфиати Тоҷикистон ва  Украина хоҳанд буд.

-Аз қабул ва соҳибтахассус шудани донишҷӯёни тоҷик ба ин факултети муштараки тоҷикиву украинӣ ҷониби Украина чӣ манфиат мебинад?

-Ба  фаъолият оғоз намудани факултети муштарак, то андозае ба пайванд намудани расму оин, анъанаҳои ду давлат кӯмаки калон мекунад. Мо ҷонибҳо ба ин хушбин ҳам ҳастем. Мубодилаи таҷриба миёни ин ду давлат дар бахши маориф самаранок хоҳад буд. Зеро мо медонем, ки дар ҷаҳони имрӯза нақши маориф хеле калон аст. Пойдевор ва рушди ҳар давлат ҳам аз маорифи он вобаста мебошад. Бинобар ин, донишҷӯёни ин факултет дар бозори меҳнат афзалияти бештар доранд. Баъди хатм, онҳо соҳиби дипломи сатҳи байналмилалӣ гардида, имконияти дар дохил ва хориҷи кишвар кор карданро доранд.

-Оё усули таълим миёни Тоҷикистону Украина ягон тафовути калоне дорад?

-Ростӣ, қариб ки тафовутеро намебинем. Дари донишгоҳу донишкадаҳои Украина барои тамоми донишҷӯён кушода аст ва ҳар касе, ки соҳибмаълумот шудан мехоҳад, монеа нест. Дар донишгоҳҳои олии Украина ҳам ба таври анъанавӣ ва ҳам замонавӣ имтиҳонҳо қабул карда мешаванд. Аммо, албатта тарзи пешниҳоди дарс ба донишҷӯён фарқ мекунад. Донишгоҳҳои мо ба тарзи таълими аврупоӣ майл доранд. Зеро мо ҳам бо муассисаҳои олии Аврупоӣ шартномаи ҳамкорӣ дорем ва пайваста мубодилаи таҷриба дорем. Аз ҷумла, дар Франсия, Германия, Полша ва ғайра донишҷӯёни мо таҳсили илм доранд.  Мо метавонем, ки дар заминаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои рафтани донишҷӯёни тоҷик ба давлатҳои Аврупо роҳ кушоем. Яъне, Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодабарии табиати шаҳри Ровнои Украина бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон пулест, ки барои донишҷӯён хизмат мекунад.

-Донишҷӯёне, ки дар факултети муштарак дар зинаи магистратура таҳсил мекунанд, оё баъди хатм метавонанд, магистратураро дар донишгоҳи Украина идома диҳанд?

-Албатта. Дар мо 53 барномаи бакалавр ва 58 барномаи магистратура фаъолият дорад, ки дорои иҷозатнома мебошад.

-Чӣ боис шуд, ки факултети муштараки тоҷикиву украинӣ маҳз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кушода шавад? Идея аз куҷост?

 -Дар ватани шумо роҳи фарохи рушд дар соҳаи маориф тай шудааст ва агар талабот намебуд, мо вақт, қувва ва сармояро барои факултети муштарак  сарф намекардем. Тамоми кӯшиши мо барои савияи баланд ва азхудкунии дониш ва мутахассиси муосир омода шудани донишҷӯёни тоҷик равона мегардад. Нуралӣ Шоев, Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳангоми сафар чандин донишгоҳҳои Украинаро дидан карда, баъди омӯзиш ва хулосабарорӣ муассисаи олии мо- Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодабарии табиати шаҳри Ровноро интихоб кардаанд. Аз ин мо хушҳолем. Донишгоҳи мо фаъолияти фарох дошта, аз рӯйи ихтисосҳои зиёд, аз ҷумла, иқтисодӣ мутахассис ба бозори меҳнат ҷавобгӯ омода мешавад.

-Дар ин факултет устодон танҳо аз Тоҷикистонанд ё аз Украина ҳам ҷалб карда шудаанд?

-Тибқи нақша, қисме аз муаллимон аз Украина ва боқимондаро устодони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Мо аз тарафи худ барои таъмин намудани донишҷӯёни шумо бо устодони варзида кафолат медиҳем. Дар аввал бояд донист, ки факултет чӣ гуна донишҷӯёнро қабул мекунад ва талаботи онҳо чӣ гуна аст. Ба ин нигоҳ карда, муаллимони соҳибтаҷриба, дорои дониши баланд, номзадони илму профессорон барои таълими онҳо равона мегардад.

-Нақшаҳои минбаъдаи факултети муштарак чӣ гуна аст?

-Мо бисёр мехоҳем, ки нақшаҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва ҳифзи табиати шаҳри Ровно ба воқеият табдил ёбанд. Бинобар ин, барои амалӣ шудан, корро ҷиддӣ оғоз кардаем. Мебинем, ки кадом самтро донишҷӯён интихоб мекунанд ва аз рӯйи он амал мекунем. Дар базаи донишгоҳи мо 15 мактаби илмӣ фаъолият дорад, ки имконияти барои идома додани корҳои илмии магистрантону аспирантони тоҷик мусоидат мекунад.

-Забони таҳсил дар факултети муштарак кадом аст? Зеро тавре медонем, мавқеи забони русӣ дар Украина пасттар шудааст. Агар донишҷӯёни мо бо забони  украинӣ дар факултети муштарак таҳсил кунанд, мушкил нест?

-Қоидаҳои одие ҳаст, ки агар нафаре ба шумо ба забони русӣ муроҷиат кунад, барои эҳтиромаш русӣ ҳарф мезанед.  Агар забони украинӣ бошад, украинӣ ҳарф мезанем. Барои донишҷӯёни украинӣ албатта, забони таҳсил забони давлатӣ -украинӣ аст. Албатта, дар донишгоҳи мо аз тамоми давлатҳо донишҷӯён таҳсил мекунанд. Донишгоҳ бо чандин ҷоизаҳои сатҳи баланди давлатӣ қадрдонӣ шуда, имсол 100 солагии он ҷашн гирифта мешавад. Ордени Дӯстии халқҳо, ки замони Шӯравӣ донишгоҳ ба даст овардааст, аз қабили онҳост. Ҳамчунин, тамоми дастурҳои таълимӣ ба забони русӣ ва украинӣ омода карда шудаанд. Байни  донишҷӯён бошад, забони муошират озод аст.

-Наталя Борисовна, худи Шумо дастпарвари кадом донишгоҳ ҳастед ва ихтисоси шумо чист?

-Ман донишгоҳеро хатм кардам, ки айни замон дар он фаъолияти пурмасъулиятро дорам. Ин  Донишгоҳи миллии муҳандисӣ ва хоҷагии оби Украина мебошад, ки бо ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ дар соҳаи хоҷагии об хатм кардам. Наздики 7 сол дар шаҳри Кировоград кор кардам. Баъдан, маро ба донишгоҳе барои кор даъват карданд, ки он ҷоро хатм карда будам. Давоми даҳ сол дар кафедраи муҳосиби молиявӣ, ҳисоб ва аудит фаъолияти омӯзгорӣ доштам. Ниҳоят, барои рушди факултети менеҷмент ба кафедраи захираҳои меҳнат ва фаъолияти соҳибкорӣ интиқол ёфтам. Ҳоло проректор оид ба масъалаи илм равобити хориҷӣ мебошам.

-Бори аввал ба Тоҷикистон омадед ё қаблан ҳам ин ҷо будед?

-Бори аввал аст, ки ба Душанбе омадам.

-Таассуротатон нисбати Тоҷикистон чӣ гуна аст?

-Боиси хушҳолист, ки Душанберо ҳамчун шаҳри зебо, ҳавои тоза, ҳамешасабз мебинам. Тавре ки мушоҳида кардам, дар ин ҷо ба меҳмон эҳтироми калон доранд, муоширати мардум дар сатҳи хуб аст ва эҳтиёткорона сухан мегӯянд. Ҳеҷ монеа ё мушкилотеро барои таҳсили фарзандон ба муассисаҳои олӣ надидам. Ҳамчунин, шумо дорои тамаддуни ғанӣ ҳастед, ки инро Украина камтар дорад.

Усмон Раҳимзода,

Васила Нуралишоева,

«Тоҷикистон», №34,2015

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>