Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Раъно Раҳимзода: Садоқатамонро бо меҳнат ифода мекунем

$
0
0

Лаҳзае  аз рӯзи қабули раиси ноҳияи Фархор ва шаммае аз рӯзгори ӯ

...Шанбе. Маъмулан ин рӯз дар тамоми ноҳияҳо ва сохторҳои давлатии кишвар чанд сол боз бо номи “Рӯзи қабул” номбар мешавад ва шаҳрвандон арзу ниёзи худро назди роҳбарон мебаранд. Ба банда муяссар гаштааст, ки борҳо дар ин рӯз дар қабули роҳбарони сатҳи гуногун бошам. Дар “Рӯзи қабул”  дар баъзе ноҳияҳо то 200 нафарро шумурдаам, ки интизори қабул буданд. Аммо аз  ҳама  бештар тарзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби собиқ Раиси Суди олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев мақбул буд. Эшон дар ин рӯз дарҳои қабулро ба рӯйи ҳама боз мекарданд ва аз мо рӯзноманигорон хоҳиш менамуданд, ки  дар қабул ширкат намоем  ва бубинем, ки одамон бо чӣ гуна арзу ниёз ба назди онҳо меоянд. Он кас то охирин корафтодаро (рӯзҳое буданд, ки то 45-50 нафарро қабул кардаанд) ба ҳузур пазируфта, сари мушкилоти ӯ ҳарф мезаданд ва баъзан чун адвокат роҳ нишон медоданд. Чунин тарзи қабулро дар “Рӯзи қабул”-и Раиси ноҳияи Фархор  Раъно Раҳимзода низ мушоҳида намудам...

...Дар қабулгоҳ чанд нафари ангуштшумор буданд. Аз ёрдамчии раис пурсидам:

-Магар имрӯз раиса қабул намекунанд, ки одам кам аст?

-Чаро? Қабул мекунанд ва расо соати ҳашт ин ҷо мешаванд.

Дар ҳақиқат, дар вақти гуфташуда  Раҳимзода ба толори қабул ворид гардида, ба кормандон  бо ишораи сар салом - салом гуфту  нафари аввалинро даъват намуд.

Шералиева: Раиса, ман аз ҷамоати Дарқад. Ҳазор раҳмат ба шумо, ки ба мани азиятдида замин ҷудо кардед. Хонаам фарсуда аст ва мехоҳам дар замини навгирифтаам хона созам. Аммо зӯрам намерасад...Инчунин, бо ҳамсояаи навам гапамон гурехт. Мехоҳам дар ҷойи дигар замин диҳед...

Раиса: Аввалан апаи меҳрубон,  бояд бо ҳамсоя забон ёфт, вагарна зиндагӣ бароятон душвор мешавад. "Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст"мегӯянд. (Раҳимзода раиси ҷамоати Дарқадро аз толор хезонда, дар бораи вазъи зиндагии ин  зан пурсон мешавад) Албатта, то ҷое, ки имкон дорад, мо ба шумо кӯмак мерасонем. Аз ҳисоби фонди  раиси ноҳия...

Амирхон Қандов: Муаллима, ман барои хоҷагии деҳқонии худ об гирифта наметавонам...

Раиса (бо ҳайрат): Дар Дарқад? Он ҷо ягон мушкилоти обтаъминкунӣ нест-ку?

Қандов: Об ҳаст, аммо ҳамсояҳо аз собиқ колхози Калинин роҳи онро бастаанд.

(Раиса раиси хоҷагии обро аз ҷояш хезонда супориш медиҳад, ки ҳарчи зудтар ин масъаларо ҳал кунанд)

Фазила Раҳимова (бо гиря) : Ташаккур ба шумо, ки эҳтиёҷмандии маро ба назар гирифта, 10 сотих замин ҷудо кардед. Аммо ман мехоҳам аз ҷамоати Ватан диҳед, зеро модари танҳо ҳастам ва дар ҷойи ҳозира хона сохта наметавонам...

-Ташаккур ба Ҷаноби олӣ гӯед, ки чунин имкониятро ба мо фароҳам оварданд. Аммо хонаро замони пеш бо роҳи ҳашар месохтанд. Гумон мекунам, ки мардум ба шумо ҳам кӯмак мекунанд. Аз ҷониби худ, ман кӯшиш мекунам, ки аз фонди захиравии Раиси ноҳия ёрие расонам...

Баъд аз қабули ду-се нафари дигар дар паси дари қабулгоҳ  дигар касе намонд...

Маро он чиз ба ҳайрат гузошт, ки дар ин ноҳия мардум на аз норасоии замин ва нагирифтани замини наздиҳавлигӣ шикоят мекарданд, балки аз он норозӣ буданд, ки заминро ба онҳо аз ҷойи дилхоҳашон надодаанд ва барои сохтмони хона низ кӯмакашон кунанд. Маълум буд,  ки масъалаи тақсими замин ба ниёзмандон дар ин ҷо ҳалли пурраи худро ёфтааст.

-Муаллима, ин чӣ асрор аст, ки дар қабулгоҳ мардуми шикояткунанда тамоман кам буданд, онҳо аз омадан ба ҳузури Раиси ноҳия метарсанд?

-Раъно Раҳимзода хандае  мекунаду баъд ҷиддӣ мегӯяд:

-Гумон накунед,  ки онҳо аз сиёсати ман тарсида ин ҷо намеоянд. Аксари мушкилоти мардум дар сатҳи ҷамоатҳо роҳи ҳалли худро меёбанд ва раисони ҷамоатҳо ҳама роҳбарони таҷрибаноканду аз ҳаёти сокинон бохабар. Ин аст, ки танҳо дар ҳолати ҳал нашудани шикоят дар маҳалҳо,  фархорӣ пушти дари раис меояд. Дар маҷмуъ мардуми мо шикоятро бад мебинанд... Мардуми одии  Фархор ба  зиндагии имрӯзаи худ шукр мекунанд, зеро агар меҳнат кунанд, замини ҳосилхези минтақа онҳоро мехӯронаду мепӯшонад. Дар ноҳия зиёда аз 1500 хоҷагии  деҳқонӣ ҳаст, ки аксари мардуми деҳот дар онҳо машғули коранд.

...Албатта, ҳар роҳбар сабки роҳбарии худро дорад. Дар вақти қабул ва суҳбатҳои қаблану баъдан доштаамон бо Раиси ноҳия дарк намудам, ки сабки ӯ дар асоси далелҳо  бовар кунондани ҳамсуҳбаташ  ба ин ё он гуфтаи худ мебошад. Яъне раиса ба қавли русҳо "метод убеждение"-ро истифода мебарад. Сабке, ки ҳаргиз бохт надорад...

Дар ин сафар Раъно Раҳимзодаро боз ҳамчун шахсияте, ки ба рушди фарҳанги зодгоҳаш таваҷҷуҳи хосса дорад, дарёфтам. Тасаввур кунед, дар ноҳия маҷаллаи махсус барои занон "Бонувони Фархор"  ва газета барои омӯзгорон "Минбари омӯзгор"таъсис ёфтааст, ки муассиси ҳардуяш ҳам худи раиса мебошад.

-Оғози зиндагӣ ин зан аст ва агар фарҳанги ӯ воло бошад, ҳам марди хона, ҳам фарзандон бофарҳанг мешаванд. Ана барои чӣ мо ин маҷалларо ташкил кардем. Касби асосии худам бошад, омӯзгорист ва ҳоло дар мавзӯи оғози фаъолияти муаллимони ҷавон рисолаи номзадиамро ба охир расондам. Ҳамин сол бояд ҳимоя кунам,- мегӯяд устод Раъно Раҳимзода...

Президенти кишвар дар масъалаи тавсияи  роҳбарон аз ҳисоби занҳо дастур дода, шояд ана ҳамин фаросат ва меҳнатдӯстии занонро ба инобат гирифта бошанд. Занҳое, ки мисли роҳбар, омӯзгор ва як зани фарҳангӣ  Раъно Раҳимзода тавонанд дар паҳлӯи мардон истода, барои ободии кишвар ва беҳтару хубтар шудани ҳаёти мардуми он заҳмат кашанд.

-Мо садоқати худро нисбат ба Ватанамон ва  Роҳбари олиамон кӯшиш мекунем, бо меҳнат ифода кунем,- мегӯяд зани дар сурату дар сират  раъно, раиси ноҳияи Фархор  Раъно Раҳимзода.

А.АҲМАДЗОДА,

"Тоҷикистон", №33,2015

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>