Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Вазирони СҲШ ба китобхона омаданд

$
0
0

 Вазирони адлияи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе ҷамъ омаданд ва масоили ҳамкориҳо ва таъмини волоияти қонун дар кишварҳои узвро баррасӣ мекунанд. Дар нишасте, ки дар Китобхонаи Миллӣ баргузор гардид,  вазирони адлияи Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистону Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони кишварҳои нозир – Афғонистон, Ҳинд ва Покистон  ширкат доранд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, ки ҳайати ин кишвар дар раъси Музаффар Икромов, вазири адлияи Узбекистон ба ҷаласаи Душанбе рафтаанд. Баррасии дурнамои ҳамкориҳо миёни вазоратҳои адлияи кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва таъмини волоияти қонун, ҳамоҳангӣ дар қонунгузориҳои кишварҳои узв аз масоили матруҳа дар нишасти Душанбе аст. Интизор меравад, ки  дар поёни нишаст, изҳороти муштарак қабул шуда ва мувофиқатномаи ҳамкорӣ миёни вазоратхонаҳои адлияи кишварҳои узв ба имзо бирасад.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>