Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Искандаров дар маҳбас ҳам хап наменишинад

$
0
0

Мақомоти иҷрои ҷазои Тоҷикистон Маҳмадрузӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократро барои риоя накардани қоидаҳои маҳбас ҷазо дода ва ӯро ба адои ҳукм ба зиндони Кирпичний дар ноҳияи Ваҳдат интиқол додаанд.

Аббосидин Ҳомидов, бародарзодаи Маҳмадрузӣ Искандаров, гуфтааст, ки баъди нашри мусоҳибаи сиёсатмадори зиндонӣ бо Радиои Озодӣ, намояндагони Раёсати ислоҳии маҳбаси вазорати адлия ӯро ба зиндони “Кирпичний” интиқол додаанд.

 Дар зиндонҳои Тоҷикистон сӯҳбат  бо матбуот бе иҷозат мамнӯъ аст. Як мақоми раёсати маҳбасҳои вазорати адлия гуфтааст, ки “се рӯз аст, ки Маҳмадрузӣ Искандаров дар маҳбаси рақами 4/7 давраи карантинро пушти сар карда, бо қоидаҳои ин маҳбас шинос шуда, баъди 9 рӯз барои адои давраи ҷазо дар ҳамин маҳбас мемонад.”

Аммо ин манбаъ сабаби аслии аз Маҳбаси махсуси раёсати ислоҳии ба зиндони Кирпичний интиқол додани Маҳмадрузи Искандаровро шарҳ надодааст.  Маҳмадрузӣ Искандаров ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки  “иштибоҳи Ҳизби демократ дар солҳои аввали истиқлолият ин буд, ки аз паси Ҳизби наҳзати исломӣ рафтааст.”

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>