
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ки ба Русия дархости истирдоди 7 шаҳрвандашро ирсол кардааст, ки дар чанд моҳи охир дар қаламрави ин кишвар боздошт шудаанд. Масъулин мегӯянд, ки умедворанд, ки Русия дархости онҳоро иҷро ва боздоштшудаҳоро ба Тоҷикистон истирдод мекунад. Бинобар маълумоти расмӣ, дар чанд моҳи гузашта ҳудудан 10 узви ин гурӯҳи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави Русия боздошт шуданд. Маскав се тани онҳоро ба Тоҷикистон фиристод ва додгоҳҳо онҳоро ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон карданд. Яке аз қазияҳои ахир марбут ба Мақсуд Иброҳимов, як фаъоли созмони мухолифи ҳукумат бо номи «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» аст, ки моҳи июни соли равон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин ҳукмро ноодилона мехонанд. Бино бар маълумоти дарёфтӣ, яке аз боздоштшудаҳо Абдураҳим Восиев, сокини ноҳияи Қубодиён аст, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” 9 моҳи охир дар як боздоштгоҳи шаҳри Маскав ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон ин шаҳрвандро бар асоси Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ташкили созмони экстремистӣ муттаҳам мекунанд.