
Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби “Шайх Темур”, ки аз сӯи суди ноҳияи Синои Душанбе ба 16 сол зиндони низомаш сахт маҳкум шудааст, бо ирсоли як нома аз президент Эмомалӣ Раҳмон хостори кумак шудааст.
Мавлудҷон Салихов, адвокати Саидмаҳдихон Сатторов мегӯяд, инчунин, шикояти кассатсионии нафари таҳтия ҳимояташ ба суди таҷдиди назар пешниҳод шудааст. Салихов мегӯяд, “Шайх Темур” аз президенти Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ҳадди ақалл барои кам кардани муҳлати ҷазояш дар зиндон мусоидат намояд. “Ӯ аз тамоми моддаҳое, ки бар асоси онҳо маҳкум шудааст, танҳо ҷурми бисёрзаниро ба гардан мегирад ва нисбат ба айбҳои дигар, ба монанди “монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва ишғоли худсаронаи замин ва тамаъҷӯӣ мегӯяд, ки гунаҳкор нест ва бо туҳмати бардурӯғи шоҳидон маҳкум шудааст,” – афзуд адвокат