
Ба иттилои хадамоти матбуотии МИЩД-и шаҳри Чкалови вилояти Суғд санаи 5.08.15 дар муассисаи томактабии №5-и шаҳри Чкалов бо иштироки ҳайати педагогии кӯдакистон аз ҷониби духтури оилавии Маркази саломатии шаҳр Саиднисо Икромова машварат дар мавзӯи “Эмкунии профилактикӣ давом дорад” ва “Зарпарвини вируси “А” ва пешгирии он” гузаронида шуд.
Саиднисо Икромова ба мураббияҳои кӯдакистон таъкид намуд, ки роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятиро хуб омузанд ва ба саломатии кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Мавсуф ҳамзамон қайд намуд, ки эмкунии профилактикӣ, яке аз роҳҳои беҳтарини пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад. Ҳамзамон бемории зарпарвин, низ бемории сирояткунандаи умумӣ буда тамоми бадани инсон махсусан ҷигарро заҳролуд мекунад.
Инчунин гуфта шуд, ки бемории гулӯзиндонак “дифтирия” ин бемории сироятӣ, яъне зуд гузаранда мебошад, бештар дар байни кӯдакон мушоҳида мешавад. Баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ сол то сол аз ҷониби масъулин чораҳои махсус андешида мешавад.
Дар охир аз ҷониби духтури оилавӣ иброз дошта шуд, ки хишти аввали ташаккули шахсияти ҳар як кӯдак дар давраи томактабӣ гузошта мешавад, зеро маҳз дар ҳамин давра ҳиссиёти инсондӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия мегирад.