Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Медали тилои Маҳмадмурод

$
0
0

Мусобиқаи бозињои Осиё оид ба дзюдо - "Asian Judo Open Taipei 2015"дар Тайван рӯзҳои 25-26 июл баргузор шуд ва дар ин мусобиқа 180 варзишгар (109 мард и 71 зан) аз 28 кишвар иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар "Asian Judo Open Taipei 2015"се паҳлавони маъруф - Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ карданд. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило баъд аз пирӯзӣ бар Ҷуян Ли (Кореяи Ҷанубӣ), дар даври ниманиҳоӣ Ченг-Лианг Ҳсияои тайваниро шикаст дод ва ба ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ мушарраф гашт. Муҳаммадмурод дар қувваозмоии ҳалкунанда бар рақиби дигари тайваниаш – По Йен Ли – ғолиб омад ва бо медали тилло сарфароз гашт.Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён бо медали нуқра сарфароз гашт.Намояндаи дигари Тоҷикистон Саидҷалол Саидов бошад, дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал аз Ҷонгҳун Вон (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд. Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ бо 2 медал – 1 тило, 1 нуқра – дар байни 28 кишвар ҷойи чаҳорумро касб кард. 

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>