
Мудири шӯъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд Обидҷон Шаропов зимни як нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД- вилояти Суғд 179 фолбину сеҳру ҷодугарон ва 22 нафар табибони ғайрикасбӣ ошкор ва ба мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод карда шуда, аз онҳо ба арзиши 16 400 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
Шаропов гуфт, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ тибқи моддаи 482 (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нафари ба ин мақомот пешниҳодшуда вобаста ба амалҳои содиркардаи худ ҷаримабандӣ карда шуданд.
Ба гуфтаи Обидҷон Шарипов аз 22-нафар табибони ғайрикасбие, ки ба бабобати хонагӣ пардохта буданд ва ба ВКД-и вилоят пешниҳод шуданд, ҳамагӣ 2- нафари онҳо иҷозатномаи давлатӣ ва ҳаққи хизматрасониро доштаанду халос. Боқимонда “табибон”, ки собиқаҳои чандсолаи корӣ доштанд ғайриқонунӣ фаъолият доштанд.