
Имрӯз, 22 июл дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо иштироки рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода, муовинони ӯ ва мудирони шуъбаҳои дахлдор ширкат варзиданд.
Амирзода дар бораи фаъолияти соҳаҳои муҳими ҳаёти шаҳр дар давоми шаш моҳ сухан карда, иттилоъ дод, ки сохтмончиёни шаҳри Ваҳдат дар ин давра, ба маблағи 88 миллиону 89 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро ба анҷом расонидаанд. Ин дар муқоиса, нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 4,6 маротиба зиёд мебошад. Ҳоло бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат сохтмони биноҳои мактаб дар деҳаи Яфрак барои 300 нафар хонанда дар ду баст, хобгоҳ барои оилаҳои омӯзгор дар деҳаи Варваи ҷамоати деҳоти Ромит, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 480 нафар хонанда дар ҳудуди шаҳр, сохтмони мактаб дар деҳаи Ҳуснобод барои 1176 нафар хонанда идома доранд.
Ҳамчунин, корхонаҳои сементбарории ҶДММ «Тоҷ чайна-2013» коркарди маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли афшураи помидор, истеҳсоли металлҳои рангаи ҶДММ «Пакрут», азнавсозии роҳи кӯчаи Сомониён барои дутарафа кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар арафаи анҷомёбист. Дар сурати оғози ин корхонаҳо зиёда аз 2 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Қайд гардид, ки сохтмони биноҳои истиқоматии 13 ошёна дар кӯчаи Рӯдакӣ ва бинои 26 ошёна дар маҳаллаи Роҳатӣ, варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст, боғи фарҳангию фароғатӣ дар маркази шаҳр бо суръати баланд идома дорад.
Дар анҷоми нишаст Раҳмоналӣ Амирзода иттилоъ дод, ки сел дар вилояти Бадахшон ва ноҳияи Рашт хисороти калон оварда, 150 оила зарар диданд. Тавассути шахсони саховатманди шаҳри Ваҳдат 16 тонна маводи ғизоӣ ба вилояти Бадахшон ва 10 тонна маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған, тухму макарон ва пиёзу картошка ба ноҳияи Рашт ҳамчун кӯмак фиристода шудааст.