Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

“Туғралхонӣ” дар ватани Туғрал

$
0
0

   Ба муносибати 150-солагии шоири маъруфи тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва вобаста ба ин қарори Раиси Вилояти Суғд дар зодгоҳи шоир – ноҳияи Айнӣ корҳои меъмориву таъмирӣ ва азнавсозӣ оғоз гардида, аз тарафи шуъбаи маориф ва шуъбаи фарҳанги ноҳия як қатор чорабиниҳои илмию адабӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи баланд гузаронида  шуда истодааст.

     Бино ба маълумоти мудири маорифи ноҳия Муллоғиёс Шарифзода, аз 18 то 23-юми майи соли равон дар ҳамаи муассисаҳои таълимоти умумии ноҳия ҳафтаи “Туғралхонӣ” гузаронида шуд. Дар рафти ин чорабинӣ конфронсҳои илмию адабӣ, нашри газетаҳои деворӣ доир ба ҳаёту рӯзгори шоир, консерти сароидани ғазалиёти Туғрал аз тарафи дастаҳои ҳаваскории муассисаҳои таълими умумӣ, мушоираҳо, расмҳои беҳтарини тасвирнамудаи хонандагон мадди назар буд.

     Инчунин бо дастури мудири маориф дар моҳи апрел озмуни “Ҳифзи ғазалиёти Туғрал” гузаронида шуд, ки як моҳ давом намуд ва 1500 нафар хонандагони тамоми макотиби ноҳия аз як байт то 25 ғазалро аз осори шоир аз бар намуда,  бо лаҳни шевою бурро қироат намуданд.

     Бо супориши Раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода дар кори конференсияи  хонандагони муассисаҳои таълимоти умумӣ, ки ба ҷашни шоир бахшида шудаанд, роҳбарони мақомоти иҷроия ва ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

     Сипас, дар пояи нимпайкараи шоир, дар зодгоҳи Нақибхон Туғрал – деҳаи Зосун,  озмуни ноҳиявии “Туғралхонӣ”  ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун аз тарафи Раиси ноҳия ва шуъбаи маорифи ноҳия бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳаваскорони наврас бо сароидани ғазалҳои Туғрал табъи иштирокдорони маъракаро болида доштанд.

     Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар моҳҳои июлу август дар ҳамаи ҷамоатҳо ва дар моҳҳои сентябр ва октябр дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия конференсия ва дигар чорабиниҳои адабию фарҳангӣ гузаронида шуда, дар рӯзҳои ҷашн он ҷамъбаст мегардад.

    Аз тарафи идораи фарҳанги ноҳия низ чандин тадбирҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, амалӣ мегарданд.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>