Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Нурмуҳаммадзода: Қарз аз Чин зарар надорад

$
0
0

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар шарҳи афтодани серӯзаи қурби доллар, ки ахиран аз 6,60 сомонӣ то 5,40 сомонӣ фаромада, боз бо суръат боло рафт, изҳор дошт, ки ин кори дасти бархе бозигарон ба истиллоҳ “рафиқон”-аш ҳаст. 

Нурмаҳмадзода, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иддаоро, ки гӯиё барои чанд рӯз содироти асъори хориҷӣ аз кишвар мамнуъ шуда буд, беасос ва дурӯғ хонд. Қаблан Бонки Миллӣ дар шарҳи поинравии қурби доллар барои ҳамагӣ се рӯз изҳор дошт, ки ин таъсири омилҳои бозорӣ-афзоиши пешниҳоду коҳиши талабот аст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзод зимни нишасти матбуотӣ инчунин нияти ниҳодашро барои ҷалби 500 миллион доллар қарз аз Чин шарҳ дода, афзуд, ки он ба устувории қурби пули миллию дастгирии соҳибкорон равона хоҳад шуд: “Аз ҷумла барои додани қарз ба соҳибкорон равона мешавад ва ягон пайомади манфӣ надорад. Дар баробари Бонки рушди Чин мо инчунин бо Бонки кишоварзӣ ва Бонки мардумии Хитой барои гирифтани қарз гуфтушунид дорем”.

Нурмаҳмадзода барои устувории пули миллӣ изҳор дошт, ки ният доранд, зимни додугирифт миёни Чину Тоҷикистон аз пули сомонӣ ва юан истифода кунанд: "Тоҷирони тоҷик дар Чин метавонанд сомонӣ истифода кунанду чиниҳо дар Тоҷикистон метавонанд юанро кор баранд". 

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>