Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Пиари номуваффақ: Ҷонибек ва Баҳром киро масхара мекунанд?

$
0
0

Ба наздикӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки дар он ситораи рақами аввали попи тоҷик Ҷонибек Муродов бо нақли як латифа, ки қаҳрамонаш сарояндаи машҳур Баҳром Ғафурӣ буд,  ӯро гӯё мавриди ҳазлу шӯхӣ қарор дод. Дар наворе, ки 1 дақиқаву 15 сония идома кардааст, Ҷонибек мегуфт, дар натиҷаи як сафар онҳо бо Баҳром Ғафурӣ хостаанд намози қаср гузоранд. Баҳром хостааст дар намоз имоматӣ кунад, аммо ҳама мухолифат нишон дода, ӯро аз имоматӣ барканор ва баъдан намоз гузоштаанд. Ин навор дар сомонаҳи иҷтимоӣ тамошобини зиёд ва «комент»-ҳои зиёде зераш пайдо кард.

Аммо Баҳром Ғафурӣ тайи як изҳорот эълон кард, ки Ҷонибек Муродовро ба суд хоҳад дод ва барои паст задании эътиқодаш ва таҳқири шахсияташ ӯро ҷавобгар хоҳад кард.  

Баҳром Ғафурӣ гуфт, ки дар ғайбаш, Ҷонибек дар ҳузури дӯстонаш намозхонии ӯро масхара кардааст, ҳол он ки дурӯғ мегӯяд.

"Ман боре ҳам бо Ҷонибек Муродов дар сафар намоз нахондаам, вай рӯйирост дурӯғ мегӯяд, ки гӯё бо ман намози қаср хонда бошаду ман намозро имоматӣ кардаам ва ҳама бо нишони эътироз ба тарзи намозхонии ман, маро аз сафи пеш канор рондаанд ва намозро аз сари нав шурӯъ карда бошанд.

Шояд ин шӯхӣ бошад, аммо намоз, ки кори шӯхӣ нест ва ман инро таҳқири эътиқодам меҳисобам. Агар дар мавриди чизи дигаре ҳазл мекард, қабул доштам. Ман бисёр фикр кардам, ҳоло тасмим дорам ба додгоҳ муроҷиат кунам. Бигзор барои таҳқираш, барои дурӯғу туҳматаш пӯзиш хоҳад.

Аз додгоҳ ҳам ҳаминро тақозо хоҳам кард, ки расман ва ба тарзи оммавӣ узрхоҳӣ кунад. То ҳама бинанд ва донанд, ки ин як туҳмат буд. Чунки ин масхараи Ҷонибек Муродовро, ки дар он эътиқоду эътибори банда паст зада шудааст, тамоми дунё дидааст. Ин наворро ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар "Одноклассники"ва "Ютюб"паҳн кардаанд. Чанд нафаре, ки он наворро дидаанд, ба ман дар ин бора гуфтанд"- гуфт овозхон ба «tojnews».

Он рӯз Ғафурӣ гуфта буд, ки  чанд бор ба Ҷонибек Муродов, ки берун аз  Тоҷикистон  қарор дорад, барои изҳори назараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мактуб ирсол намудааст, аммо то ҳол ба навиштаҳояш посух нагирифтааст.  Аммо баъди чор рӯзи ин иддаои Баҳром Ғафурӣ бо пахши як навор дар сомонаҳои иҷтимоӣ Ҷонибек Муродов аз Баҳром Ғафурӣ узрхоҳӣ кардааст.

Навори узрхоҳии Ҷонибек Муродов ибтидо дар саҳифаи шахсиаш дар Фейсбук пахш шуд. Дар навори номбурда, ки 1 дақиқаву 47 сония давом кардааст,  Ҷонибек Муродов дар канори Баҳром Ғафурӣ нишаставу коктейл дар рӯйи мизашон гузошта шудааст, аммо Баҳром худро каме нороҳат ҳис мекунад. Ҷонибек  аз ӯ, хонаводаву мухлисонаш бахшиш мепурсад.  Ҷонибек Муродов мегӯяд: "Чӣ хеле ки мебинед, ман бо яке аз хонандаҳои беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дӯсти азизам акаи Баҳром якҷоя дар ин ҷо нишастаем. Ҳамин проблемае, ки ба наздикӣ дар интернет як навор баромад, ки ман дар онҷо шӯхӣ мекунам. Бо номи акаи Баҳром як анекдот, як шухиро нақл мекардам. Як хел одамҳо аз паша фил сохтанд. Ҳоло дар интернет фақат ҳамин гап аст. Ҳаминро гуфтаниям, ки агар ман бо шӯхии беасосе, ки ман дар байни дустон нақл кардам, акаи Баҳром, хонаводааш ё мухлисонашро хафа карда бошам, бахшиш мепурсам. Аз тарафи ман узр ба тамоми хонаводаи акаи Баҳром, инчунин мухлисонашон. Агар ман дили шуморо ранҷонда бошам, узр. Албатта, шӯхи шӯхӣ аст. Як чизи ҷиддӣ ҷиддӣ. Ин як чизи шӯхӣ буд. Чизи шӯхиро ҷиддӣ қабул накунед, мухлисони азиз".

Дар идомаи навор Баҳром Ғафурӣ  мегӯяд, ки ин навори дирӯзаро ҳамчун шӯхӣ қабул кардааст. "Фикр мекунам, ки ин наворро мардум низ ҳамчун шӯхӣ қабул мекунанд. Дар оянда боз ҳамкорӣ карда, суҳбат мекунем. Мухлисон, мо шуморо бениҳоят дӯст медорем. Он чизе, ки дар навор мебинед, бисёр ба  дил наздик нагиред".

Аммо  Баҳроми Ғафурӣ тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва  ба хабарнигори "TojNews"  бошиддат аз  Ҷонибек Муродов интиқод карда, ӯро ба дурӯғгӯйӣ ва таҳқири шахсияту эътиқодаш муттаҳам мекард. Ҷонибек Муродов мегӯяд «баъзеҳо аз паша фил сохтанд», аммо кӣ фил сохт. Баъзеҳо ё Баҳром Ғафурӣ, ки дар канори Ҷонибек бо ӯ коктейл менӯшад? Агар ба гуфтаҳои Баҳром, ки «ин навор шӯхӣ буд ва мардум низ онро ҳамчун шӯхӣ қабул мекунанд», ҳақиқат дошта бошад, пас, «аммо намоз, ки кори шӯхӣ нест ва ман инро таҳқири эътиқодам меҳисобам. Агар дар мавриди чизи дигаре ҳазл мекард, қабул доштам. Ман бисёр фикр кардам, ҳоло тасмим дорам ба додгоҳ муроҷиат кунам. Бигзор барои таҳқираш, барои дурӯғу туҳматаш пӯзиш хоҳад» -гуфтани Баҳром ҳам магар шӯхӣ будааст?

Чеҳраҳои шинохтаи санъату ҳунар, ҳамеша барои аз мадди назар дур нашудан ва дар даҳони мардум мондан аз воситаҳои гуногун истифода мекунанд. Мисол дар ҷомеи аврупоиву амрикоӣ ва Русия, ситораҳои поп, кинову театр барои ин миллионҳо доллар масраф мекунанд. Дар илми муосир онро PR (пиар) мегӯянд. Мисол, як навори урёнашро дар сомонаҳо мепартояд, дигаре касеро мезанад, яке ҷинсашро иваз кардан мехоҳад ва воқеан ин гуна  PR-созӣ ба онҳо шӯҳрат меорад. Чунки PR PR-и устокорона аст, на ноуҳдабароёна!

Иддаои охирини сарояндаи маъруфи тоҷик Баҳром Ғафурӣ ва пӯзишхоҳии ситораи рақами авали попи тоҷик Ҷонибек Муродовро ҳам баъзеҳо  ба PR муртабид мекунанд, аммо  PR –и ноуҳдабароёна. Оё   ин  PR буд? Ё ҳақиқат?

Агар на ин буду на он,  пас чӣ буд? Масхараи мухлисон ё мазҳакаи атрофиён?  

Одили Нозир

 

 

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>