Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мудири хазинаи "Фононбонк"-ро дар қаллобї гунаҳкор дониста, ба маблағи 58 ҳазору 400 сомонӣ ба фоидаи давлат љарима бастааст.
Мудири маҳкумшудаи хазинаи "Фононбонк"тайи солҳои 2014-2015 аз ҳамкорон, шиносҳо ва мизољони бонк бо ваъдаи фоизи баланд дар муҳлатҳои кутоҳ маблаѓи њангуфт гирифта, ба фоидаи худ истифода мекардааст. Ба иттилои манбаъ, маҳкумшуда аз ҷљумла аз ҳамкораш Ганљалов 31 ҳазор доллар, аз мизони бонк мудири ширкати "Дирам" Қаюмов -181 500 сомонӣ, аз шиносаш Сангов 3,5 миллион рубл, аз Сангов Баҳром 41000 доллари ИМА ва ҳамкораш Камолов 1 миллион рубл гирифта, изҳор доштааст, ки ин маблағҳоро барои амалиёти бонкӣ истифода мекунад: “Аммо дар асл маблағҳои гирифтаашро ба хазинаи бонк даромад накарда, онҳоро ба эҳтиёљоти худаш сарф намудааст”.
Тибқи қарори додгоҳ собиқ мудири хазинаи "Фононбонк"дар баробари ҷљарима ба муҳлати 2 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳои марбут ба молиёт маҳрум шудаст.
Маҳкумияти хазинадори "Фононбонк", ки моҳи октябри соли гузашта боздошт шуд, дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо инчунин аз боздошти Самихон Қурбонов, раҳбари “Фононбонк” ва яке аз наздикони Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизби манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дода буданд. Дар аввал ин боздоштро ба ошўби Ҳољї Ҳалим марбут донистанд, аммо баъдан Қурбонов аз боздошт раҳо шуда, парвандаи хазинадораш то суд рафт.