Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Кампири 100- сола: Аз пашми хирс ресмон мебофам

$
0
0

Одами табаррук

“Модари Абдураҳим, аз деҳаи Охчакмани ноҳияи Рӯдакӣ  ба синни яксаду шаш даромадааст. Худованд на ба ҳар кас чунин умри бобаракат медиҳад. Ин хел одамонро табаррук мегӯянд, агар имкон дошта бошед, як ба аёдаташ рафта дуои сафеди кампирро бигиред” маслиҳат дод яке аз дӯстонам. Кори имрӯзаро ба фардо гузоштан нахоста, сари субҳ роҳи деҳаеро пеш гирифтам, ки кампири табаррук дар он ҷо зиндагӣ мекард. Раҳораҳ дар андешаи он будам, ки чӣ тавр аз ин пиразани қоматхамида маълумот мегирифта бошам, зеро аксари одамон аллакай дар синни 70-80 солагӣ ношунаво мешаванд.  Саргарми андеша чӣ хел ба хонаи Абдураҳим расиданамро нафаҳмида мондам. Дарвозаро ба рӯям яке аз келинҳои ин хонавода кушод ва матлабамро шунида, боодобона маро ба хона даъват кард. 

 

Кампираки чаққон

Ростӣ, ман кампири Қумриро дар оинаи хаёли худ як пиразани фартути дар сараш ягон тора мӯйи сиёҳ боқӣ намонда ва бемору муҳтоҷ тасаввур мекардам. Гумон доштам, ки пиразан бар асари рафтани синну сол аз ҳолу мадор рафта, мисли кӯдаки касалманд  рӯзи дароз даруни ҷогаҳ мехобад, вале...

Ин зан ҳеҷ ба кампири фартуте, ки пештар ман сураташро дар оинаи хаёлам кашида будам, монандӣ надошт. Боварам намеомад, ки ҳамон одами табарруки 100- сола ҳамин зани чаққони ба дасту панҷа бошад.

Аз суҳбати момаи Қумрӣ

-Бибиҷон, аз дидоратон бисёр шодем! Ба мо гуфтанд, ки шумо одами 100- сола, шахси табаррук ҳастед, вале дар назар бисёр ҷавон менамоед. Ба чанд даромадед?

-Аз рӯйи ҳуҷҷатҳои давлатӣ аллакай 99-ро пур карда ба 100 даромадам, вале аз рӯйи ҳисоби худам кайҳо аз 100 гузаштам. Мучалам мурғ аст. Раҳматӣ модарам нақл мекарданд, ки соли ман ба дунё омада, ҳанӯз амир Олимхон ҳоким будааст, баъдтар урусҳо ба ин ҷо омада, ҳама муллою бойҳоро кулак кардаанду амир гурехтааст.

-Давраи кӯдакиатонро дар ёд доред?

-Каму беш. Ёдам ҳаст, ки бисёр солҳои вазнин буд. Гуруснагӣ мекашидем. Бисёр вақт ягон чизи хӯрданӣ наёфта, аз ночорӣ мисли гову гӯсфандон қоқую шулха ва дигар алафҳоро мехӯрдем, лекин қаҳтию қиматӣ бошад ҳам, одамон ба ҳамдигар меҳрубон буданд, имрӯза барин дар сари роҳи якдигар чоҳ намеканданд...

-Арӯсиатонро ёд доред? Вақти ба шавҳар баромадан чандсола будед?

-Бачаҷон, дар замони мо на мактаб буд, на ягон хел инистут (донишгоҳро дар назар дорад) духтарҳоро падару модаронашон “моли мардумро сиҳату саломат аз сарамон соқит кунем” гуфта, барвақт ба шавҳар медоданд. Ман 9- сола будам, ки арӯсам карданд.

-Шавҳаратонро дӯст дошта гирифтед?

-Ақли кӯдаки 9- сола ба ишқу ошиқӣ аз куҷо мерасад, духтарам?! Шавҳарам писари амакам буд ва баъзан бо мо бозӣ мекард.

-Шавҳаратон ҳам 9- сола буд?

-Не, ман як духтарчаи хурдакак будаму вай мардаки капа калон. Росташро гӯям, аз шавҳарам қадди аҷал метарсидам.

-Чаро метарсидед? Магар шавҳаратон шуморо мезад?  

-Намезаду лекин ким чихел сиёсат дошт. Аз ҳайбаташ метарсидам.

-Шавҳаратон чикора буд?

-Дар он солҳо мардум савод надоштанд ва қариб ҳама як хел зиндагӣ мекарданд. Мо ҳаётамонро аз ҳисоби чорвопарварӣ пеш мебурдем., ба ғайр аз ин мардакам ҷувоз мекашид. Чор чахдег (дегҳои калони махсусе, ки дар онҳо ширро нигоҳ медоштанд) шир ҷамъ шавад, сетояшро ба давлат медодему яктояш ба худамон мемонд. Ширро пухта, ҷурғоту чаккаю қурут карда, рӯзамонро аз ҳамон ҳисоб мегузарондем. Дар солҳои ҷанги Гирмон (Ҷанги Бузурги Ватаниро дар назар дорад) ширу дӯғ ҷонамонро аз марг наҷот дод.

 -Чанд фарзанд доред?

-Модари чор фарзанд шудам, вале ду фарзандам фавтиданд. Тақдир ҳамин будааст, чӣ илоҷ? Ҳоло як духтару як писарам дар ҳаётанд.  

-Набераю абераҳо дастатонро мегиранд?

- Набераву абераҳоям аз 100 то бештаранд. Чабераҳоям 8-то шуданд. Ҳамаашон духтару бачаҳои хубанд, бибиҷон гуфта дар гирдам парвонавор давр мезананд, вале шукри Худо ба касе муҳтоҷ нестам. Қариб 100- сола бошам ҳам, кори даҳ келинчакро худам танҳо иҷро карда метавонам. Дар давраи ҷавониам шабҳои маҳтобӣ тоқӣ медӯхтам, камзулча медӯхтам, аз пашми хирс ресмон мебофтам. Шукри Парвардигор ҳоло ҳам аз дастам ҳама кор меояд, интизор шуда намешинам, ки кай келин ё набераю абераҳо ба наздам як коса хӯрок оварда мемонанд. Худам худамро саришта карда метавонам.

-Имрӯз аксари оилаҳои ҷавон маҳз бо сабаби бо ҳамдигар созиш накардани келину хушдоман вайрон мешаванд. Гапи шумо ҳам  бо хушдоманатон тез-тез мегурехт?

-Вақте ки маро арӯс карда ба хонаи амакам оварданд, аллакай дар он хона боз панҷ писари ҷавони дигар буд. Мо дар  хона ягон бор бугу-бугу ва баҳсу мунозира намекардем. Дар хонаи мо умуман ҷангу ҷанҷол набуд. Касе касеро лаънат намегуфт, сарзаниш намекард, ҳайфи ту намегуфт, ҳар кас кори худаш медонисту мекард. Дасти якеамон банд бошад, дигарӣ кору бори ӯро мекард. Таассуб кардан ва ҳамдигарро таъна задан дар мо набуд. Як оғил гову гӯсфанду буз доштем, нигоҳубини  молҳо ба зиммаи ман буд. Коҳу алаф медодам, меҷӯшидам, шир мепухтам, дӯғ мекашидам, қурут мекардам... Кору бори хонаро, ки сари вақт саришта мекардем, ба гапи сахт задани хушдоманамон ҳоҷат намемонд.

-Аз хонаи падар бо кадом ҳунарҳо ба хонаи шавҳар рафтед?

-Росташро гӯям, ман дар зиндагӣ ҳарчи омӯхта бошам, дар хонаи шавҳарам аз хушдоманам омӯхтам. Модарам як ҷавонзани аз азал бетақдир ва беморнамо буд, ғайр аз ин бохчон-палонҷи золиме дошт. Бечора умре бо ғаму ҳасрати худаш овора буд, барои ба ман кору бори рӯзгорро ёд додан на вақт дошт, на ҳавсала. Оқибат ҳамон бохчони худобехабараш модарамро зада куштааст. Он вақт ман келинчак ва нав модари як фарзанд будам. Бовар мекунед, маро ҳатто ба ҷанозаи модарам хабар накарданд. Қариб як сол пас фаҳмидам, ки модарам кайҳо аз дунё гузаштаасту ҳама маъракаҳои мотамиашро додаанд.

-Байни занҳои ҳозира ва ҷавонзанҳои давраи худатон чӣ фарқият мебинед?

-Зиндагии суру пур ва тинҷу осудаи ҳозира занҳоро бисёр эрка кардааст. Дар вақташ мо баробари мардҳо кор мекардем. Гандум мекоридем, ғалла дарав мекардем, дарзаҳои калон-калони гандуму коҳу алафро бо пуштора аз Илав то Ромит мекашондем. Ҳоло қариб ҳама кору бори зиндагиро ба ҷойи занҳо техника мекунад, боз инҳо аз ҳаёт норозӣ, мудом шиква карда мегарданд. Дар вақташ мо нисфи умрамонро бо як курта мегузарондем, лекин шукрона карда мегаштем. Худи ман дар бисотам танҳо як куртаи карбос доштам. Чиркин шавад, шаб мешустам, ки то саҳар хушк шавад, ки пӯшам, лекин ягон бор дар назди ягон кас лаб ба шикоят намекушодам.

-Шумо ҳамчун як зани рӯзгордида ба ҷавонзанҳо чӣ маслиҳат медиҳед? Сирри хушбахтии оилавӣ дар чист?

-Келинҳо, духтарҳо, умуман ҷавонҳо, агар ба гапи калонсолон гӯш кунанд, албатта хушбахт мешаванд. Бадбахтона ҳоло ҳама мехоҳанд алоҳида зиндагӣ кунанд. Албатта ҳар як падару модар мехоҳад фарзандашро соҳиби хонаву дар гардонад, аммо на ҳар кас чунин имконият дорад, бинобар ин, келинҳо бояд бо сабру тоқат бошанд. Мо, пирон офтоби сари куҳ ва ғанимат ҳастем, рӯзе мешавад, ки ба дидори модар ё хушдоманатон зор мешавед, вале дигар онҳоро намеёбед. Аз ҳамин хотир дар зиндагӣ ба қадрашон расед! Бо хизмати хусуру хушдоман ва падару модарро кардан ягон ҷойи одам кам намешавад, баръакс дуои неки куҳансолон зиндагии ҷавононро файзу баракат мебахшад. Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки ниҳол аз обу одам аз дуои нек месабзад. Дуои неки падару модаронро гирифта ҳамеша сабзу шукуфон бимонед, келинҳо ва духтарҳои азизам!

Маҳинаи Давлат

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles