
Аксари одамон бар он андешаанд, ки муллову махсум дар як сатҳ қарор доранд. Фаҳмидан мехостам, ки мулло аз махсум чӣ фарқ дорад?
Хайрандеши фархорӣ
Посух
Аз нигоҳи урфӣ одатан дар байни мардум чунин гуфтугузорҳо вуҷуд дорад, ки агар падараш дар байни мардум домулло бошад, фарзанди ӯро махсум мегӯянд ва нафаре, ки падараш омӣ буду фарзанди ӯ хонда аҳли илм гашт, ӯро мулло мегӯянд.
Занҳо ба мазор раванд?
Мегӯянд, ки ба мазор рафтани зан дуруст нест, вале дар ноҳияи Қубодиён баъди гӯронидани маит занҳо се рӯз субҳидам ба сари гӯр рафта, овоз бароварда нолакунон бар мегарданд. Ин амали онҳо аз нигоҳи дини мубини ислом ҷоиз ҳаст ё не?
Посух
Дар ислом зиёрат кардани қабр амри мустаҳаб аст. Инсон ба хотири он ба сари мазор меравад, ки панд бигирад, яъне хуфтагони водии хомӯшон низ замоне мисли ӯ дар рӯйи замин давлату савлат доштанд, вале акнун дар зери хоканд. Фақат ҳангоми зиёрат кардан худро ба болои қабр партофтан, чок кардани гиребон, харошидани рӯю кандани мӯй аз нигоҳи шаръӣ мамнуъ аст. Оби дидаи инсон барои одами барояш наздику азиз ё дӯсти вафоткардааш беихтиёр аз чашм мерезад. Хомӯшона ашк рехтан зиён надорад, вале овоз андохта гиристан аз нигоҳи шаръӣ ҷоиз нест.
Овози ҷинҳоро мешунавам?
Одатан паридани чашм, қош ва лабро ба паёмади ногуворе нисбат медиҳанд. Аз нигоҳи дини ислом овоз баровардани гӯш чӣ маънӣ дорад? Мегӯянд, ки кас беихтиёр садои ҷинҳоро мешунавад. Ин гап рост аст?
Сарвиноз, н. Ҷиликӯл
Посух
Ин андешаҳо ба дини мубини ислом ягон рабт надоранд. Паридани чашму гӯшу лаб аз назари динӣ фоли бад ё нек буда наметавонад. Сабаби овоз баровардани гӯшатонро бошад, шумо бояд аз духтури гӯш пурсед. Ба назди табибон рафта аз ташхис гузаред, шояд гӯшатон ягон иллат дошта бошад.
Либосатро ба гадо диҳӣ, гадо мешавӣ?
Аксари одамон бар он андешаанд, ки либосҳои кӯтоҳу хурдшуда ва маводҳои ғизоии зиёдатиатро ба одами камбағал ё гадо додан хосияти хуб надорад. Мегӯянд, ки либосатро ба камбағалон диҳӣ, баракат аз зиндагиат мепараду ту ҳам муҳтоҷ мешавӣ. Оё ин андеша аз нигоҳи динӣ ягон асос дорад?
Посух
Додани либосу маводҳои хӯрока ба шахсони эҳтиёҷманд бисёр кори савоб буда, партофтани чизҳои нолозим аз назари ислом исроф ҳисоб мешавад. Ҳар қадаре, ки ба мардуми камбизоат хайру саховат намоед, ҳамон қадар Худованд ба шумо хайру баракат медиҳад.
Нос кашӣ, таҳорат мешиканад?
Дар масъалаи сигор ва нос борҳо гуфта бошед ҳам, ҳанӯз барои ман чандон фаҳмо нест, аз ҳамин хотир мехоҳам дақиқ намоям, ки сигор ва нос таҳоратро мешиканад ё не?
Нуруллои Саид, ш. Сарбанд
Посух
Нос узви инсонро карахт менамояд ва эҳтимоли баромадани бод вуҷуд дорад. Аз ҳамин хотир одам, ки нос кашид, бояд аз нав таҳорат намояд. Сигор таҳоратро намешиканад, вале кашиданаш макруҳи таҳрим аст. Уламои қадим дар бораи носу сигор чизе нагуфтаанд, зеро ин ду мавод баъд аз аҳди онҳо пайдо шуд. Уламои мутааххир бошанд дар истеъмоли нос ва сигор ихтилофи назар доранд. Баъзе ҳардуро ҳаром мегӯянд, зеро ба узвҳои инсон зарари зиёд мерасонад ва инро илми тиб исбот намудааст. Ҳар чизе, ки ба ҷисму ҷон ё руҳу равони инсон зарар расонад, вобаста ба ҳаҷми зарараш макруҳ ё ҳаром ҳисоб мешавад. (“Фатвои Комилия”)
Фирӯза чӣ маънӣ дорад?
Фирӯза ном дорам. Аксари одамон мегӯянд, ки номат маънои нохуб дорад. Илтимос, маънои номи маро шарҳ диҳед!
Фирӯза, ш. Душанбе.
Посух
Номи Фирӯз ё Фирӯза ҳеҷ бадие надорад. Ин ном шакли арабишудаи калимаи “пирӯз” аст ва маънояш комёб мебошад.
“Муллои замонавӣ”-ро тамошо кардан ҷоиз аст?
Имрӯзҳодар кишвари мо «Муллои замонавӣ» ном сериали синамогарони турк бисёр машҳур гаштааст, ки дар он намоз ва дигар масоили исломро ба тариқи масхара намоиш медиҳанд. Тамошои ин филм барои мардуми мусалмон ҷоиз аст?
Мутриба, н. Вахш
Посух
Бараҳна будани занҳо дар ин филм барои тамошобин боиси гуноҳ мешавад. Намоз ва дигар аъмоли диниро масхара кардан низ гуноҳи нобахшиданист. Назар кардан ба ин гуна амалҳо гуноҳ аст, аммо аз ҷиҳати дигар барои онҳое, ки ҳар ҷелакпӯшро мулло медонанд, ин филм дарси ибрат мешавад, то аҳли динашонро бишносанд, зеро имрӯз дар ҷомеаи мо низ чунин муллоҳо вуҷуд доранд.