Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Зинда ба зинда гуронидани муҳjҷири тоҷик дар Русия

$
0
0

Як муҳоҷири тоҷикро дар рӯзи таҷлили 22-солагияш дар Волгоград соҳиби хона ва ҳамсояҳо зинда ба зинда зери хок кардаанд. То ҳол ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон ошкор нашудааст.

Як муҳоҷири 22-солаи тоҷикро дар шаҳри Волгогради Русия зинда ба зинда гӯрондаанд. Расонаҳои ин минтақаи Русия бо такя ба қавли пулис гуфтаанд, ҳодиса ҳафтае пештар ҳангоми таҷлил аз ҷашни таваллуди ин муҳоҷири тоҷик дар манзили соҳибхонааш рух додааст. Аммо ин хабар танҳо баъд аз зӯҳри 19 апрел ба расонаҳо роҳ ёфт ва бо ин ҳол мақомот ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистонро ошкор накардаанд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 20 апрел  гуфт, онҳо дар бораи ин қазия аз матбуот огоҳ шуда барои дарёфти иттилои дақиқ ба Кумитаи тафтишотии Волгоград дархости расмӣ фиристодаанд. То ҳол Кумитаи тафтишоти Волгоград посухи ин номаи сафоратро надодааст. 

Вале ин ниҳоди тафтишотии Русия бо нашри иттилои расмӣ гуфтааст, ки ҳангоми корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар таҳхонаи сокини Волгоград нишонаҳои хун, чоҳи навкандашуда ва ҷасади ҷавони тоҷикро ошкор кардаанд.

Ба иттилои расонаҳои Русия, то кунун дар бораи ин ҳодиса муҳоҷири дигари тоҷик, ки аз ӯ низ ном бурда намешавад, шоҳидӣ додааст. Бино ба шоҳидии муҳоҷири дувум, соҳибхона бо ҳамсояҳояш шаҳрванди Тоҷикистонро ба таҳхона бурда, маҷбур кардаанд, то барояш қабр биканад ва баъдан ӯро зинда ба зинда зери хок кардаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотию бозрасӣ идома дорад

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles