Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як роҳи дигари тамоси сокинон бо мақомоти умури дохилӣ дар сартосари кишварро ба роҳ мондааст. Дафтари матбуоти вазорат мегӯяд, ки ин телефони пайвасткунанда 1919 ва ҳамаи сокинон метавонанд аз ин хадамот истифода кунанд.
“Сокинон метавонанд бо ин рақам тавассути телефонҳои мобилӣ ё хонагӣ занг зада, ба раёсатҳо, шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шаванд ва арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд,” – гуфтан дар дафтари матбуоти ВКД.
Пештар аз ин Вазорати умури дохилӣ телефони боварии вазирро таъсис дода буд.
Addthis: