Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Бедарак шудани хонандаи мактаб дар ноҳияи Рӯдакӣ

$
0
0

Як толибаи 13-солаи мактаби рақами 172 деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Радакӣ дар таърихи рӯзи 13 апрел бедарак шудааст.

 

Наздикони Саида Давлатова дар суҳбат ба расонаҳо гуфтаанд, ки ӯ суҳб ба мактаб рафта ва дигар барнагаштааст. Бародари Саида  Мустафо Давлатов ин нуктаро баён карда, гуфтааст, ки аз ӯ то ҳол хабаре нест. Наздикони ин духтари гумшуда мегӯянд, ки ӯ ҳеч гуна бемории равонӣ надошта, солим буд.

Дар ҳамин ҳол, навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ ба Озодӣ гуфт, пулиси ноҳия ҳодисаи нопадид шудани Саида Давлатоваро таҳқиқ доранд. То кунун танҳо бо як нафаре, ки ӯро дар вақти ба дарс рафтан дидааст, суҳбат кардаанд ва маълумоти бештар надоранд. Ҳоло акси Саида дар бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ ва биноҳои маркази ноҳияи Рӯдакӣ часпондаанд ва аз сокинон барои пайдо кардани ӯ дархости кумак кардаанд. Хоҳиш шудааст, дар сурати пайдо шудани маълумот ба ин шумора тамос гиранд: 918 36 50 50

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>