
Баъд аз 5 рӯзи хидмат дар артиш ҷасади ҷавони тоҷик ба хонаи падараш модараш фиристода шудааст.
Бахтиёр Қурмонмадов, сокини Бахтиёр Қурмонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19 апрел ва ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи ба хидмати сарбозӣ рафтанаш ба хонаашон оварда шуд. Ин донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавсими имсолаи баҳории даъват ба артиш довталабона ба хидмат рафт ва даврони сарбозиро дар қисми низомии 02011-и Вазорати дифоъ дар Рашт оғоз кард.
Наздикони Бахтиёр мегӯянд, ки дар ҷасади ӯ изи латту кӯбро мушоҳида кардаанд, аммо масъулони қисми низомии 02011-и Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ мегӯянд, ки ӯ аз сактаи қалбӣ даргузаштааст.
Борон Темуров, бобои Бахтиёр ва сокини кӯчаи Нонвойи Поёни шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19 апрел гуфт, ки наберааш аз вазъи саломати худ шикоят надошт ва то замони рафтан ба хидмати ҳарбӣ низ бемор набуд. "Вақте ҷасадашро оварданд, тугмаҳояш канда ва либосаш дарида буд ва дар баданаш пайи латту кӯб дида мешуд".
Аммо масъулони қисми низомии 02011-и Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ дар минтақаи Рашт гуфтанд, ки Бахтиёр аз бемории қалб фавтидааст. Иддаое, ки пайвандони Бахтиёр бовар надоранд ва мегӯянд, ки нисбат ба ин ҳодиса ба мақомоти дахлдор шикоят карда, таҳқиқи қазияро ҷиддӣ талаб хоҳанд кард.