Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Оилаи “таблиғгари ДИ” барои ҳақиқат талош мекунад

$
0
0

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб мӯҳлати зиндонии маҳкумшуда Ансор Зайниддиновро аз 11,5 сол то ба 5,5 сол кам кард. Сокини 28-солаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар таблиғи ҷавонон барои пайвастан ба сафи “Давлати исломӣ” айбдор шуда буд.

Додгоҳ дар мӯҳлати маҳкумияти Ансор Зайниддинов таҷдиди назар кард. Вай дар зархаридӣ айбдор дониста шуда буд. Вале акнун додгоҳ ҳукм кард, ки бархе аз ҷузъиёти ин айбнома тасдиқи худро наёфтаанд. 12-уми феврали соли ҷорӣ додгоҳ тасдиқ карда буд, ки Зайниддинов узви “Давлати исломӣ” мебошаду ҷавононро барои пайвастан ба ин созмони террористӣ таблиғ мекард. Аммо оилаи маҳкумшуда Гулнора Рамазонова мегӯяд, ки, баръакс, шавҳараш аз сафари вай ба Сурия монеъ шудааст.

“Ин ҳодиса моҳи декабри соли 2014 рух дода буд. Бародарзодаам Ҳоким, ки ҳамроҳи оила ва се кӯдакаш дар Москва буд, маро барои кор дар нонвойхонааш даъват кард. Ман ба он ҷо рафтам, вале на кор буду на нонвойхона. Онҳо ба ман гуфтанд, ки барои таҳсил меравем ва дар яке аз рӯзҳо озими Сурия шуданд. Ман ба шавҳарам хабар додам. Вай зуд ба Москва омад ва дар моҳи майи соли 2015 маро ба хона баргардонид”, - қисса кард ин зан.

Мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки ихтиёран амалиётҳои ҷангӣ дар Сурия ва Ироқро тарк карда, ба ватан бармегарданд, ваъдаи афв медиҳад. Тибқи иттилои расмӣ, то ҳол аз Сурия 60 нафар баргашта, ҳамаи онҳо афв шуданд. Мақомот мегӯянд, ки ҳоло қариб 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар сафи “Давлати исломӣ”, меҷанганд.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>