Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Мулоқоти Ғанӣ бо Эмомалӣ Раҳмон моҳи май дар назар аст

$
0
0

Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон қарор аст моҳҳои наздик ба Душанбе омада, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кунад.

 

Сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба расонаҳо дар ин хусус хабар дода, гуфтааст, ки ин сафар дар моҳи май анҷом мегирад ва дар ин сафар Ашраф Ғаниро як ҳайати ҳукуматӣ ҳамроҳӣ хоҳад кард. Сафорат гуфт, дар ин сафар ҷонибҳо  масоили муҳими равобити ду кишварро баррасӣ намуда, эҳтимолона санадҳои муҳими ҳамкориро имзо хоҳанд кард. Намояндаи сафорати Афғонистон гуфтааст, ки умедвор аст, ин сафар барои ҳар ду кишвар муфид хоҳад буд.

Ашраф Ғанӣ расиҷумҳури тақаллубии Афғонистон аст, ки бо як интихоботи пуртақаллуб сари қудрат омад. 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>