Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҷанг дар Қарабоғ: идомаи моҷарои 21 -сола

$
0
0

Ин ҳафта ҷанг миёни неруҳои Озарбойҷон ва Арманистон барои минтақаи ҷангҷолии Қаробоғи Кӯҳӣ сархати расонаҳо гардид.

 

Рӯзи шанбе, 2-юми апрел миёни неруҳои низомии ду кишвари қафқозӣ задухӯрди шадид ба амал омад, ки дар натиҷа 30 нафар кушта ва миқдори зиёде аз ҷангиён захмӣ шуданд.

 

130 нақзи оиннома дар 24 соат

 

«Азербайджан», нашрияи расмии Ҷумҳурии Озабойҷондар натиҷаи пахши як матлаб Арманистонро муттаҳам ба он кардааст, ки дар даргириҳо аввал саҳим будааст. Ин рӯзнома дар такя ба суҳбати вазири Дифои Озарбойҷон Зокир Ҳасанов, сабабгори неруҳои Арманистонро муттаҳам кардааст. Рӯзнома менависад: «Дар натиҷаи задухӯрд миёни неруҳои Озарбойҷон ва Арманистон  6 танк ва миқдори зиёди техникаи ҷангии Арманистон безарар гардонида шуд. Ҳамчунин наздики 100 низомӣ маҷрӯҳ гардид. Дар натиҷа 12 низомии артиши Озарбойҷон шаҳид шуда, як чархболи ҷангии тамғаи Ми-24 нобуд ва дар натиҷаи таркиши мина як танк қисман зарар дид».

Аммо ин дар ҳолест, ки вазорати дифои Арманистон мегӯяд, ки дар натиҷаи задухӯрд 18 низомиаш кушта ва 35 нафар захмӣ шуданд.

Ҳамчунин,  дар матлаби мазкур ҳадс меравад, ки «муноқишаҳо миёни ду кишвари ҳамсояи Қавқози Ҷанубӣ барои замини Қаробоғи Кӯҳӣ аз соли 1988 оғоз гардидааст. Қаробоғи Кӯҳӣ ва навоҳии тобеи он, ки 20 фоизи  масоҳати Озарбойҷонро ташкил мекунад, наздики ду даҳсола а боиси муноқишаҳо гардидааст.                         

           Соли 1994 кишварҳо, таҳти таъсири САҲА, Русия ва Фаронсаву ИМА байни давлатҳо оташбас эълон шуда буд ва то ҳол гуфтушунид идома дорад.»

Коршиносон ин ҳуҷуми неруҳои Арманистонро ба ҳуҷуми 2 апрели соли 1993, ки неруҳои ин кишвар ба ноҳияи Келбадҷари Озарбойҷон ҳамла карда буданд, монанд кардаанд. Он замон аз ҷониби СММ чор тавофуқнома 822 (1993), 853 (1993), 874 (1993) ва 884 (1993) ба имзо расид ва Арманистон муваззаф гардид, ки неруҳояшро аз хоки Арманистон барорад.

Аммо,-менависад рӯзнома, - то ҳол Арманистон оташбасро қабул накардааст ва ҳар сари чанд вақт дар сарҳад мушкил эҷод мекунад.

Вазорати дифои Озарбойҷон иддао мекунад, ки неруҳои Арманистон пас аз оташбаси 21-сола дар 24 соат 130 маротиб тавофуқномаи оташбасро нақз кардаанд.

 

Замини озарӣ зери итоати арманӣ

 

Ҳамчунин, баъди оне ки ҷониби Озарбойҷон оташбаси якҷониба хостааст,  ҷониби Арманистон ба рустоҳои Қазоқ, Горанбой, Тартар, Оқдом, Хуҷавеанд ва Физулӣ оташ кушодаанд. 

Озарбойҷон мегӯяд, ки неруҳои хатти пеши артиши ин кишвар зери тирборони неруҳои Арманистон қарор гирифтанд ва неруҳои он кишвар маҷбур шуданд, ки посух бидиҳанд.  

 Бахши озарӣ ва армании радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки дар  ин зудухӯрд аҳолии осоишта ҳам зарар дида  ду ғайринизомӣ, аз ҷумла як писари 12-сола кушта шудаанд.

 

Қарабоғи Кӯҳӣ дар дохили қаламрави Озарбойҷон қарор дорад, вале он ҳамеша зери идораи арманитаборҳо аст. Вазири мудофиаи  Арманистон Сейран Аганян даргирии 2 апрелро баъд аз муноқишаҳои соли 1994 бесобиқа арзёбӣ кард. 

Бинои ба иттилои ВАО-и Русия  Владимир Путин, президенти Русия бо пахши як изҳорот аз ҳар ду ҷониб талаб кардааст, то ба даргириҳо хотима диҳанд. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт: «Путин аз гузоришҳо дар бораи азсаргирии фаъолиятҳои низомӣ дар имтидоди марз дар Қарабоғи Кӯҳӣ сахт изҳори нигаронӣ кардааст.”

Ҳамчунин,  ёдовар мебояд, ки дар оташбаси соли 1994 саҳми Русия хеле бориз аст. аммо коршиносон ба андешаанд, ки дар натиҷаи идомаи ин муноқишаҳо Русия тарафи кадом давлатро хоҳад гирифт?

 

Дасти Вашингтон?

 

«Озодӣ». Амрико.Ҳикмат Ҳоҷиев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон аз созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал овардааст, ки рафтори Арманистонро маҳкум кунанд. Ҳамчунин, оташбаси якҷонибаи Озарбойҷонро дастгирӣ намоянд ва Арманистонро низ даъват ба оташбас кунанд. Аммо вазорати дифои Қарабоғ иттилоъ медиҳад, ки  дар тамоми ҳудуди марз даргириҳои шадид ва тирпарронӣ идома дорад.

 

Ин ҷангҳо дар ҳолест, ки   Вашингтон ахиран қавл дод, ки дар ҳалли ин муноқиша кумак хоҳад кард. Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико 1-уми апрел дар ҷараёни мулоқоташ бо президентони  Озарбойҷон ва Арманистон дар ин бора суҳбат кард.

 

Қасри Сафед мегӯяд, « Байден аз идомаи муноқиша изҳори нигаронӣ кард ва ҷонибҳоро ба гуфтугӯ даъват намуд. Вай аҳамияти ҳалли ҳамаҷонибаи ин муноқишаи давомдор, таъмини амният ва рушди минтақаро хотирнишон сохт. Раҳбарони ин ду кишвари қафқозӣ дар посух гуфтанд, ки онҳо аз пешниҳодҳои Амрико ҷонибдорӣ ва барои ҳалли ин муноқиша нақши фаъол бозӣ хоҳанд кард».

 

Байден бори дигар дархости Ҷон Керрӣ - вазири корҳои хориҷаи Амрикоро ёдоварӣ кард, ки дар ҷараёни музокироташ 31 март дар Вашингтон бо Илҳом Алиев - раисиҷумҳури Озарбойҷон ба миён ниҳода буд. Алиев дар ин мулоқот бо Ҷон Керрӣ ба Амрико барои талошҳояш дар ҳалли муноқиша изҳори сипос кард, вале гуфт, ки ин муноқиша танҳо бо судури қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ метавонад ҳал шавад ва барои он неруҳои Арманистон бидуни чунучаро бояд аз қаламрави Озарбойҷон хориҷ шаванд.

 

Оташбаси якҷонибаи Озарбойҷон

 

Боку рӯзи якшанбе эълони  тасмим ба оташбаси якҷонибаро дар ҷангҳои Қарабоғи Кӯҳӣ гирифтааст.

Ин оташбас дар ҳолест, ки   чанд рӯзи ахир  миёни неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷону Арманистон дар минтақаи баҳсбарангези Қарабоғи Кӯҳӣ муноқиша идома дорад. Вазорати мудофиаи Озарбойҷон гуфт, ки кишвараш ба таври якҷониба тарафи муқобилро ба оташбас даъват кардааст.

 

Вазири дифои Озарбойҷон ин тасмимашро ба он асоснок кардааст, ки созмонҳои байналмилалӣ даъво кардаанд, ки оташбас эълон шавад. 

Аммо вазорати мудофиаи Озарбойҷон мегӯяд, ки агар неруҳои Арманистон ва ё ҷудоихоҳони Қарабоғи Кӯҳӣ ба сӯи онҳо дар минтақаи баҳсбарангез тирандозӣ кунанд, онҳо ба оташ ҷавоб хоҳанд дод.

 

Бино ба гузоришҳо, субҳи 3 апрел низ байни неруҳои Озарбойҷон ва Арманистон тирандозиҳо пароканда сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш байни неруҳои ин ду кишвари ҳамсоя ҷангҳои шадид идома дошт.

 

Зокир Ҳасанов

 

Зокир Аскароғлу Ҳасанов (озарӣ- Zakir Əsgər oğlu Həsənov) низомӣ ва ходими давлатӣ, 6 июни соли 1959 дар ноҳияи Астарински Озарбойҷони Шӯравӣ таваллуд шудааст.

 Соли 1976 литсейи ҳарбӣ  ва соли 1980 донишкадаи ҳарбии Бокуро хатм кардааст. То соли 1985 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ дар Олмон хизмат карда, баъди ин муҳлати 8 сол дар комиссариати Алтайи округи ҳарбии Сибир фаъолият кардааст. Соли 1987 Академияи Ситоди генералии Шӯравиро хатм кардааст.

Аз соли 1993 то 2003 дар вазифаи қумандони қӯшунҳои сарҳадии Вазорати дифои миллӣ кор карда, баъдан вазифаи роҳбари шуъбаи равобити байналмиллалии қӯшунҳои сарҳадиро уҳда намудааст.

Номбурда аввал ба сифати муовини якуми вазири дифо ва шурӯъ аз 22 октябри соли 2013 вазири дифои миллии Озарбойҷон шуд.  Рутбаи генерал –полоковникӣ дорад.

Сейраан Оганян

 

Сейран Мушегович Оганян (арм. Սեյրան Մուշեղի Օհանյան)  низомӣ ва ходими давлатӣ ва вазири мудофиаи Арманистон, 1 июли соли 1962 дар  Шушаи Озарбайҷон таваллуд шуда, баъдан оилаашон ба Арманистон ҳиҷрат кардааст. 

Соли  1979 мактаби миёна ва соли 1983 Донишкадаи ҳарбии Бокуро хатм кардааст.

 1983 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи шӯравӣ дар Олмон хизмат карда, соли 1987 командири ротаи мототирандоз таъин шудааст. 

11 майи соли 2007 муовини аввали вазири мудофиа ва 14 апрели соли 2008 вазири мудофиаи Арманистон таъин гардидааст. 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>