
Прокуратураи вилояти Суғд нисбати 6 имомхатиби масҷидҳои ҷомеъ дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Онҳо барои узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гумонбар дониста мешаванд.
Бино ба иттилои як манбаъ дар мақомоти прокуратураи вилоят, тафтиши ин парвандаро шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи прокуратура пеш мебарад ва ба далели ворид нашудани халал ба тафтиш, наметавонанд ҷузъиёти парвандаро ошкор бикунанд.
Ин ходимони динро ҳудуди як моҳ пеш мақомоти милитсия дастгир карда, ду имомхатиб аз Хуҷанд, дуи дигар аз Конибодом ва якнафарӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Гулистон (Қайроққум) будаанд.
Тибқи иттилои расонаҳо айни замон ному насаби се тан аз онҳо - Мақсуд Урунов, Абдуҷамил Юсупов ва Сулаймон Болтуев маълум будаанд, ки имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон мебошанд.