Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Душанбе бе таксиҳои 3-сомона мемонад

$
0
0

Масъулини шаҳрдории Душанбе фаъолияти таксиҳои 3-сомонаро манъ кардаанд. Дар шарҳи ин тасмим онҳо гуфтаанд, ки шаҳри Душанбе ба таксиҳои зиёди хусусӣ ниёз надорад.

 

Абдулҳақ Алиев, роҳбари идораи “Душанбенақлиётхадамотрасон” дар як сӯҳбат ба расонаҳо  рӯзи 6­ апрел гуфт, таксиҳо набояд дар як масири муайян ба қатори автобусу троллейбус ва маршруткаҳо равуо кунанд: "Таксӣ бояд тибқи супориши мизоҷ ҳаракат кунад. Мо ҳоло дар назди аксар бозорҳо таваққуфгоҳ сохтаем, бигзор таксиҳо дар ин ҷойҳо интизори мизоҷон шаванд."

Алиев афзуд, таксиҳои се сомонӣ дар роҳҳо пойгаву сабқатҳо ташкил карда, бехатарии ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ва мусофиронро зери хатар мегузоранд. Аз ин рӯ, ҳукумати шаҳр тасмим гирифтааст, ки фаъолияти ин гуна таксиҳоро манъ кунад.

Ӯ гуфт, мақомоти шаҳр дар соҳаи нақлиёт барои мошинҳои таксӣ якчанд талабот муқарар кардаанд, ки ҳатман риоя шаванд: “Нахуст, ҳар як таксӣ бо таксометр бояд муҷаҳҳаз бошад. Дар дохили таксӣ бояд ному насаби ронанда, сураташ, рақами телефон ва номи ширкате, ки таксӣ ба он тааллуқ дорад, бояд навишта шуда бошад. Баъдан таксиҳо бояд ба ягон ширкат тааллуқ дошта бошанд, ки иҷозатнома дораду имконияти ҳар рӯз аз ташхиси тиббӣ гузаронидани ронандагон ва муоинаи техникии мошинро дошта бошанд”.

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Latest Images

Trending Articles



Latest Images

<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>