Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҷаҳон Қурбонов муборизаро барои роҳхати олимпӣ давом медиҳад

$
0
0

Дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи "Осиё” ва "Уқёнус”, ки дар Чин аз 25 март то 2 апрел ҷараён дорад, муштзани тоҷикҶаҳон Қурбонов ( вазни 91 кг) набарди аввалашро дар даври чаҳорякниҳоӣ Сергей Паренкоро аз Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфта буд. Агар ӯ дар ин марҳила ғолиб меомад, ба роҳхати Олимпиада-2016 дастрас мешуд. Аммо, мутаассифона, Ҷаҳон Қурбонов 31 март дар даври ниманиҳоӣ ба шикаст дучор шуд.

Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дода, афзудааст, ки  Ҷаҳон боз як шонси ба даст овардани роҳхати олимпиро аз даст надодааст. Ӯ рӯзи шанбеи 2 апрел барои ҷойи сеюм бо намояндаи Австралия ба ринг мебарояд. Агар  дар ин қувваозмоӣ пирӯз шавад, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои 31 тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки аз байни 10 муштзани узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи литсензионӣ танҳо ба Ҷаҳон Қурбонов муяссар шудааст муборизаро барои роҳхати олимпӣ идома бидиҳад. 

Миёни занҳо Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева, ки дар набардии аввалини худ бар рақибонашон дастболо шуда буданд, дар марҳилаи чорякниҳоӣ мағлуб гаштанд.

 Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 46 зан ва 180 мард аз 35 кишвар барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд. Дар сабқати мардон 30 квота ва дар сабқати занон 6 квота ихтисос дода шудааст. Муштзанҳое, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 3-юмро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд.

Эмоми НАЗАРИЁН

 

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles