Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Се ҷавони ёвонӣ Шоҳи Наврӯзро дар мактаб оташ заданд

$
0
0

Се нафар аз ҷавонони ноҳияи Ёвон либосҳои наврӯзии Шоҳи Наврӯзро оташ заданд. Ба гуфтаи ҳолдонҳо, ин ҷавнон вориди бинои мактаб шуда, он либосҳоеро, ки бояд пагоҳ дар Наврӯз ба тани шоҳи Наврӯз ба бар мекардро оташ заданд.

 

Тавре аз ноҳияи Ёвон шоир ва рӯзноманигор Убайдуллои Ширин хабар дод,рӯзи 20 март дар мактаби рақами 49-и ба номи Фотеҳ Ниёзӣ ,деҳаи Боғ бояд тантанаи Наврӯзии мактаббачаҳо мегузашт, вале шабона 3 тан аз хонандагони синфи 11 ва 1 нафар хатмкардаи мактаби номбурда вориди бинои мактаб гашта, либосҳои барои гузаронидани ҷашни Наврӯз омодакардаро ба назди наҳр буда оташ заданд. Тавре ҳамсуҳбати мо гуфт, онҳо ҳатто либосҳои Шоҳи Наврӯзро сӯхтанд. Аз рафти ҳодиса нозир ва дигар намояндаҳои мақомоти дахлдор воқиф гашта, дар ин самт тафтишот ҷараён дорад. Овозаҳое ҳам ҳаст, ки гӯё бачаҳо зарари расонидаашро барқарор мекунанду гапи хона ба берун намебарояд.

 

И. Идизод

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>