Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Кройф- дорандаи секаратаи "Туби тиллоӣ"даргузашт

$
0
0

Йоҳан Кройф, футболбози номии  Нидерландия, секарат дорандаи «Тӯби тиллоӣ» дар синни 68-солагӣ дар Барселонаи Испания оламро падруд гуфт.

Ин талафоти калон барои футбол 24 марти соли равон ба вуқуъ омад. Йоҳан Кройфяке аз футболбозони беҳтариниасри XX  дар доираи оилаи худ баъди бемории дурударози саратон даргузашт.

Кройф соли 1947 ба дунё омада, ба футбол аз овони ҷавонӣ дар дастаи ҷавонони «Аякс»-и Амстердам шуруъ намуда буд. Аз соли 1964 ба ҳайси ҳуҷумкунанда дар ҳайати асосии дастаи  «Аякс» баромад карда, ҳашт бор чемпиони мамлакат ва се бор барандаи Ҷоми чемпионҳо гардидааст

Кройф аз соли 1987 ба тими "Барселона"-и Испания гузашта, дар муддати панҷ соли узви он буданаш як бор унвони чемпиони Испания ва як бор Ҷоми Испанияро ноил шудааст.

Йоҳан Кройф, баъде ки ба кори мураббигӣ гузашт, дар ин сифат дастаҳои "Аякс"ва "Барселона"-ро машқу тамрин додаст. Дар натиҷа "Барселона"-чор бор сазовори номи чемпиони Испания шуда, ҷоми кишвар, чандин бор Суперҷом ва Ҷоми Лигаи чемпионҳоро ба даст овард. Соли 2003 пас аз ҷамъбасти назарпурсӣ бахшида ба 50-солагии  УЕФА дар таърихи Нидерландия Кройф футболбози беҳтарини ҷаҳон эътироф шуд. "Аякс"ба номи ӯ рақами 14-ро абадӣ маҳфуз дошта, "Барселона"чандин мавсим ӯро президенти фахрии бошгоҳаш интихоб намуд.

 

Эмоми Назариён

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>