
Як мақоми низомии Русия гуфтааст, марзбонони ин кишва ба Тоҷикистон бар намегарданд.
Анатолий Антонов, мовини вазири мудофиаи Русия дар суҳбат бо расонаҳо баён кардааст, ки Русия хоҳиши баргардондани марзбононаш ба Тоҷикистонро надорад. Ӯ гуфтааст, Тоҷикистон аз Русия дархости кумакҳои техникӣ кард, ки Русия барои таҳким бахшидани марзҳо "ин кӯмакро ироа мекунад"
Ин мақоми низомии рус таъкид намудааст, ки барои таъмини ҳифзи амнияти Тоҷикистон ва марзи ин кишвар теъдоди низомиёни пойгоҳи 201 кофӣ мебошад.
Addthis: