
Тавре маълум, ҳоло шахсоне, ки онҳоро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мешиносанд, боз як роҳи таблиғи худро истифода мебаранд, ки ин тарзи кор дар хориҷ ҳам роиҷ аст.
Онҳо бо мошин, асп, саг ва ё ягон ҷонвари дигар дар мусобиқаҳо ширкат карда, агар ғолиб оянд, обрӯи худ ва ё коргоҳашонро боз ҳам баландтар мебардоранд. Дар Наврӯзи имсола чанд тан аз шахсиятҳои машҳури ҷумҳурӣ, ки бо аспбозии худ ном баровардаанд, дар пойгаи умумиҷумҳуриявӣ ширкат намуданд. Албатта, онҳо худашон аспсаворӣ накарданд, вале бо чобуксаворони кироя дар ин маърака ширкат намуда, соҳиби ҷоизаҳои асосӣ шуданд. Аспи сарвари ширкати мобилии “Вавилон” Беҳзод Файзуллоев бо лақаби “Варс” дар пойгаи имрӯза дар масофаи 2 ҳазору 200 метр ғолиб омада, ба шӯҳрати соҳибаш шӯҳрат зам кард.
Ӯ дар ин кор танҳо набуд ва “Рахш”-и аспбози дигар, рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар ин пойга ҷои дуюмро гирифт. Ин бори аввал нест, ки аспи Файзуллоев шоҳҷоизаи наврӯзиро соҳиб мешавад.