
Муовини Шӯрои уламои Афғонистон таҷлил аз Наврӯзро рад кард. Гулаҳмад Сидиқӣ дар суҳбат бо шабакаи телевизиони "Ориёно"дар баҳси мизигирд таҷлил аз ин идро ҳаром эълон кард.
Ӯ дар баҳси шабакаи телевизиони "Ориёно"бо истинод ба асноди динӣ фатво дод, ки агар касе аз Наврӯз таҷлил кунад, ба ғазаби Худо гирифтор мешавад.
Баҳси ҳаром ё ҳалол будани таҷлили Наврӯз дар шабакаҳои телевизионӣ ва марокизи динии Афғонистон рӯ задааст. Уламо ба ду даста, яке ҷонибдорон аз ҳалол будани таҷлили Наврӯз ва дигар гуруҳи уламо қатъан ҳамром будани таҷлили Наврӯзро матраҳ мекунанд.
Ин баҳс дар шабакаҳои телевизионӣ ин кишвар ҳам матраҳ аст. Ин шабу рӯз дар шабакаҳои телевизионӣ ду гуруҳ бо ҳам баҳсу даъво доранд. Яке ба ҳалоли ҳалол будани таҷлил аз наврӯз ҳикоят мекунад, дигар гуруҳ бошад, таҷлил аз онро ҳаром медонад.
Дар пасманзари ин баҳсҳои динӣ уламои вилояти Балх фатво доданд, ки таҷлил аз Иди Наврӯз ҳалоли ҳалол мебошад. Дар ин вилоят ҳар сол Наврӯз бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.