
Дар аёми таҷлил аз иди Наврӯз дар Мазори Шариф гуруҳе аксҳои генерал Дустумро пора карданд. Дар пайи ин амал, тарафдорони генерал Дустум ба роҳандозии ҳамоиши эътирозӣ алайҳи ин иқдом эътироз карданд.
Ин кор боиси дар мақобили ҳам қарор гирифтани тарафдорони Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балх ва Дустум, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон шуд.
Тарафдорони Дустум на фақат акҳои Ато Муҳаммади Нур, балки аксҳои ягона қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъудро низ пора кардаанд. Пора кардани акси қаҳрамони миллии Афғонистон шӯре дар байни тарфдоронаш барангехтааст.
Ато Муҳаммади Нур ва генерал Дустум дар пайи авҷи танишҳ дар тамоси телфонӣ ба зарури ҳамкорӣ ва даъват аз хатми хушунат даъват кардаанд. Дустум аз тарфдоронаш даъват кардааст, ки ба фитнаҳо бовар накунанд, зеро равобити ӯ бо Ато Муҳаммади Нур бародарона мебошашд
Ато Муҳаммади Нур ҳам дар пайи ин моҷаро эълом кард, ки дар ин кор душманон даст доранд ва ҳадафи ин амал аз байни бурдани оромиш дар вилояти Балх мебошад. Ӯ аз мардум даъват кард, ки ба фитнаҳо бовар накунанд.