Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Муин-тоҷики номвар ба Тоҷикистон меояд

$
0
0

Муин Ғафуровро дар муҳорибаи омехтаи ҷаҳон ҳамчун тоҷик мешиносанд 

 Варзишгари 19-сола Муин Ғафуровро дар муҳорибаи омехтаи ҷаҳон  «Муин-тоҷик» ном мебаранд.  Айни замон, Муин бо ташкилоти муҳорибавии ONE Championship шартнома баста, дар Тайланд барои иштирок дар муҳорибаи навбатӣ ба машқу тамрин машғул аст.

Ин набард 15 апрел дар Филиппин доир имешавад. Ба ҷавноиаш нигоҳ накарда, Муин Гафуров размандаи унвондортарин дар байни варзишгарони ИДМ ба шумор меравад. Муин-тоҷик чемпиони ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавӣ (WCSF), чемпиони ҷаҳон оид ба грепплинг (FILA), чемпиони ҷаҳон оид ба MMA (WKA), устоди варзиши байналмилалӣ оид ба самбои муҳорибавӣ маҳсуб меёбад. Ӯ 9 бор ба ринг баромада, дар ҳамааш дастболо шудааст. Дар ёди мухлисон пирӯзиҳои Муин-тоҷик моҳи сентябри соли 2015 дар Ҷакарта  бар Кейси Суайри амрикоӣ ва Тони Тауруи фин моҳи январи соли равон дар Чаншаи Хитой нақш бастааст.

22-юми март ONE Championship нахустин бор якҷо бо лигаи самбои муҳорибавӣ ва ширкати TFC-и Промоутер дар Тоҷикистон размандагони беҳтаринро гирд меоранд. Мусобиқаи мазкур дар бошгоҳи размандагони «Тоҷ Файтер» баргузор хоҳад шуд.

Эмоми Назариён

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>