
Иди Наврӯз ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форсу тоҷик мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.
Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишони соли нав аст».
Ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин ки Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар «Шоҳнома» ба ин гуна ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоётҳо ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул рост меояд, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишӣ низ идома меёфт. Замони Дорои 1 маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта, дар сангнавиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишиҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар он давра бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шудааст.
Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Масалан, Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки «Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз куҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ҷашн гирифтанд.»
Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин ид дехқонон ба киштукори саҳроӣ мебароянд. Маҳз маҳсули меҳнати деҳқон аст, ки мардум ба хотири љамъ ва осоишта умр ба сар мебаранд.
Мутаассифона, аз маҳсули меҳнати деҳқон баъзе одамон сўиистифода бурда, маҳсулоти ниёзи мардумро дар бозорҳо чанд карат қиматтар мефурўшанд. Молро захира намуда, иду айёмро интизор мешаванд, ки нарху наворо боло баранд.
Дар ҳаққи чунин афрод ҳадисе дар «Муснад»- и Имом Аҳмад омадааст, ки: «Боре Ҳазрати Умар (р) аз масљид берун шуд ва дид, ки гандуми зиёде барои фурўш гузошта шудааст, пурсид:
- Ин гандумҳо аз куљо оварда шудаанд?
Гуфта шуд:
- Барои фурўш оварда шудаанд.
Ҳазрати Умар (р) дуо фармуд:
- Худовандо, дар ин гандум баракат ато фармо.
Мардум гуфтанд:
- Ин гандум барои қимат фурўхтан пештар захира карда шудааст.
Ҳазрати Умар (р) пурсид:
- Инҳоро чӣ касе захира намудааст?
Гуфтанд:
- Яке аз онҳо Фаррух - ғуломи Ҳазрати Усмон (р) ва дигаре ғуломи озодкардаи худат.
Ҳазрати Умар (р) он ду нафарро даъват кард ва аз онҳо пурсид:
- Чаро чунин кардед?
Дар посух гуфтанд:
- Мо инҳоро бо амволи худамон харидаем ва акнун ихтиёри онро дорем, ки ҳар тавре бихоҳем, метавонем онҳоро бифурўшем.
Ҳазрати Умар (р) фармуд:
- Ба хубӣ огоҳ шавед, ки аз Расулуллоҳ (с) шунидам, ки мефармуд: «Шахсе ба ин хотир гандумро захира мекунад, то онро бо баҳои бештаре бифурўшад, Худованд вайро гирифтори бемории љуззом (саратон) мекунад ва ҳам ин ки ўро муфлис мегардонад».
Бо шунидани ин ваъид Фаррух аз ин амалаш тавба намуд, аммо ғуломи озодкардашудаи Ҳазрати Умар (р) бар ҳамон мавқифи пешинаи худаш истодагарӣ намуд, ки:
- Мо бо моли худамон мехарем, аз ин сабаб ҳар тавре ки муносиб бошад, онҳоро мефурўшем. Охир чӣ мушкилие дар ин муомила вуљуд дорад?»
Ровии ҳадис Ҳазрати Яҳё (р.а.) мегўяд: «Баъдан вайро дидам, ки мубтало ба бемории љуззом гардида буд».
Бинобар ин моро зарур аст, ки фармудаҳои шариатро иљро намуда, дар пайи беҳбудии зиндагӣ бошем.
Наврўз маҳз иди миллии тољикон аст, аммо баъзе ходимони дин иди миллиро ба ислом нисбат дода, изҳор менамоянд, ки Наврўз аз ислом нест. Аз љумла, онҳое ки Наврўзро љашн мегиранд, пардапўшона «маљусӣ» ном бурда мешаванд. Бояд хотиррасон намоем, ки иди Наврўз ва дини ислом ду чизи аз ҳамдигар људо буда, омехта кардани онҳо ба ҳамдигар нољоиз мебошад ва метавонад боиси сар задани нофаҳмиҳо гардад.
Дар ин маврид Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо аҳли љомеа чунин таъкид намуданд: «То замони интишори ислом гузаштагони халқи тољик низ дорои фарҳангу тамаддун, дину оини бостонӣ ва соҳибкитоб буданд. Бинобар ин, мо имрўз набояд ба саҳифаҳои заррини таърихи чандинҳазорсолаи миллати худ аз рўи таассуб ё ноогоҳии динӣ хати батлон кашем ва таърихи гузаштаи халқи хешро инкор созем.
Чуноне ки мушоҳида мегардад, баъзеҳо арзишҳои бузурги ахлоқиву маънавии миллиро, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанги мардумӣ то имрўз нақши муайянкунанда мебозанд, нодида гирифта, мехоҳанд онҳоро ба арзишҳои динӣ муқобил гузоранд.
Дар арафаи Наврўз баъзе сару садоҳо баланд шуданд, ки ин љашн моли фарҳанги мо нест. Муаллифони чунин мавод набояд фаромўш кунанд, ки баръакс Наврўз яке аз љашнҳои воқеан ва табиатан милливу мардумии мост ва бо ягон дину мазҳаб муносибат надорад.
Чунин муносибати ғаразноку кўтоҳназарона ба арзишҳои миллӣ, ки таърихан қадимтар буда, омили муҳими худшиносии афроди љомеа мебошанд, пояҳои фарҳанги давлатдории миллиро, бешубҳа, халалдор месозад.
Мо набояд аз ёд барорем, ки миллати мо кӣ буд ва тўли таърихи чандинҳазорсолаи худ чӣ корҳоро кардааст. Зеро фаромўш кардани таърихи пуршарафи халқ, дар ниҳояти кор, ба нестшавии рўҳи миллат бурда мерасонад».
Аз ин рў, мо бояд гуфтаҳои Сарвари давлатро ба љону дил қабул намуда, барои муттаҳидии халқу миллат, барои амнияти кишвар, ояндаи дурахшони фарзандони худ саҳмгузор бошем.
Давоми мақоларо дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон"мутолиа кунед
Абдураҳим Каримов,
декани факултети
филологияи Шарқи Донишкадаи Исломиии Тоҷикистон
ба номи Имом Абуҳанифа