Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҷоми ФФТ-2016 ба Турсунзода рафт

$
0
0

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2016, ки шоми ҷумъаи 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба поён расид, дастаи "Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, бори дуюм Ҷоми мазурро ба Турсунзода буд. Голи ягонаву ҳалкунандаро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи 25-уми қисми аввал ба ҳадаф расонд.

Пеш аз ин бозӣ голи дар дақиқаи 73-юм ба дарвозаи  КМВА "Помир”-и Душанбе задаи Холмурод Назаров  ба қӯрғонтеппагиҳо ҷойи сеюмро овард.  

"Регар-ТадАЗ” бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло, "Хуҷанд” бо медалҳои нуқра ва "Вахш” бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дастаи "Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад. Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи "Автомобилист”-и Душанбе барпо гардида буд, бар дастаи "Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз омаданд. 

Се сол пеш дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир»-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ ғолиб омад. Ин бозӣ 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода доир шуд. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) пирӯз гаштанд.

Соли 2014-ум дастаи «Истиқлол»-и Душанбе сеюмин барандаи Ҷоми ФФТ гардид. Истиқлол” дар бозии ниҳоӣ, ки 19-уми март дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард.

Соли гузашта низ "Истиқлол” барандаи Ҷоми ФФТ шуд. «Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ, ки 15-уми марти соли 2015 дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар доир гашт, тими «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 5-1 шикаст дода буд.

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>