Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Боздошти Комиссариати ҳарбӣ ба гумони гирифтани пора

$
0
0

Мақомоти интизомӣ як нафар корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба иттиҳоми гирифтани пора боздошт кардаанд.

Дафтари матбуоти ВКД иттилоъ медиҳад, корманди комиссариат барои надодани даъватнома ва аз хизмати ҳарбӣ озод намудани ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дорад аз модари ӯ 3 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст. 
Ин мард тавассути посбони комиссариат аз модари даъватшаванда 3 ҳазор сомонии талабкардаашро гирифтааст. Мақомот ин маблағро аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ пайдо кардаанд.

Нисбати корманди 45-солаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>