
Мусоҳиба бо директори АМИТ«Ховар» Заробиддин Қосимӣ дар доираи ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 15-16 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
-Бори дувум аст, ки ҷаласаи Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Тафовути ҷаласаи навбатӣ аз ҷаласаи қаблӣ чист ва моҳияти он аз чӣ иборат хоҳад буд?
-Ман дар «Ховар» роҳбари нав ҳастам, дар ҷаласаи гузашта, ки соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, иштирок надоштам. Ҷаласаи 15 - 16 марти соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузормешуда бисёр масъалаҳои муҳим миёни роҳбарони агентиҳои итттилотии давлатии ИДМ, ки расман аъзои Шӯрои он ҳастанд, мавриди баҳс ва баррасӣ қарор мегирад. Аз ҷумла, иштирокдорони ҷаласа фаъолияти агентиҳои иттилоотиро дар соли 2015 натиҷагирӣ карда, нақшаи кории соли равонро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин, дар ҷаласа баррасии ҳамкории хадамоти аккосӣ ва омодагӣ ба ҷашни 25 - солагии Иттиҳод, ки моҳи декабр таҷлил мегардад, дар назар аст. Роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак низ табодули афкор хоҳанд кард.
-Ҷаласа роҳбарони кадом агентиҳои иттилоотиро ба ҳам гирд меоварад ва кадом масъалаҳо меҳвари асосии суҳбати онҳо қарор хоҳад гирифт?
- Ҳоло агентиҳои иттилоотие, ки расман аъзо ҳастанд, аз Озарбойҷон («АзерТАдж»), Арманистон («Арменпресс»), Беларус («БелТА»), Қазоқистон («Казинформ»), Қирғизистон («Кабар»), Молдовия («Молдпрес»), Русия («ТАСС») ва Тоҷикистон («Ховар») мебошад. Роҳбарон ва намояндагони ҳамаи агентиҳои номбаршуда, ки нуфузу эътибор ва ҳарфи гуфтание дар ҷаҳони муосир доранд, даъват шудаанд, миёни худ мубодилаи афкор мекунанд. Масъалаҳои умдае, ки мавриди суҳбат ва баррасии ҷонибҳо қарор мегирад, ин табодули таҷриба, иттилооти саҳеҳ, муътамад ва мукаммал миёни агентиҳои иттилотист. Яке аз ҳадафҳо омодасозии кадрҳо, яъне таҷрибаомӯзии журналистон ва донишҷӯёни факултаҳои журналистикаи донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон дар агентиҳои иттилотии давлатҳои ИДМ мебошад. То онҳо дар ин замина тавонанд дар баробари таҳсил дар агентиҳои иттилотии аъзои Шӯро бозомӯзӣ ва ҳамкорӣ намуда, аз таҷрибаи якдигар баҳравард шаванд. Албатта, ин кори бевоситаи мо нест, вале мехоҳем, дар ин самт мусоидат намоем.
Тавре маълум, Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади якҷоя дорад ва мушкилоти зиёде дар ин ҷо дида мешавад. Аз ҷумла, муборизаҳои иттилотӣ, пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву ифротӣ - мавзӯъҳое ба шумор мераванд, ки дар бахш низ ҳамкории агентиҳои иттилоотии ИДМ-ро тақозо мекунад.
-Ҷаласаро кӣ раисӣ мекунад?
-Умуман, раёсати Шӯрои мазкурро «ТАСС»-и Русия ба уҳда дорад. Аммо имсол ҷониби Тоҷикистон онро раисӣ мекунад.
-Дар ин нишаст оё роҳбарони хабаргузориҳои хусусии Тоҷикистон низ даъват шудаанд? Агар ҳа, ин нишаст барои ба иттиҳод омадани ВАО-и кишварчӣ нақше бозида метавонад. Нишасти мазкур ба ҷомеаи журналистии тоҷик чӣ медиҳад ?
-Мо намояндагони хабаргузориҳои хусусӣ, нашрияҳои даврии кишварро танҳо дар ифтитоҳ ва дигар чорабиниҳо, аз ҷумла вохӯрии роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ бо устодону донишҷӯёни факултаҳои журналистикаи донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон, ки дар Осорхонаи миллӣ мегузарад, даъват намудаем. Аммо дар ҷаласаи расмии Шӯро танҳо аъзоёни он ширкат меварзанд. Мо чунин мешуморем, ки гузаронидани мулоқоти журналистони мамлакатҳои ИДМ зарур аст. Ин ба журналистони агентии мо барои омӯхтани таҷриба ва вусъати доираи фаъолияти касбии худ имконияти хуб фароҳам месозад. Таҷрибаи муосир нишон медиҳад, ки хабарнигорони дар ҳудуди ИДМ фаъолият дошта мунтазам дар машғулиятҳо, курсҳо ва семинарҳо ширкат меварзанд. Чунин тадбирҳоро «Ховар» ҳамеша дастгирӣ мекунад.
-Агар вазъияти имрӯзаи ВАО –и Тоҷикистонро бо дигар кишварҳои аъзои ИДМ муқоиса намоем, ба назари шумо кадоме дар дастрасӣ ба иттилоот ва пахши он пешсафанд?
-Албатта, барои пешрафт шудан, имконият ва омилҳои зиёде таъсир мерасонанд, вале ҳамаи имкониятҳо баробар нестанд. Ҷойи пӯшида нест, шароити расонаҳои Тоҷикистон аз расонаҳои Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон ва дигар давлатҳо аз нигоҳи рушд баробар нест. Масалан, «ТАСС» дар аксари манотиқи дунё мухбирону намояндагии махсуси худро дорад, вале ин чизро мо надорем. Дар ҷаҳони пурталотуми имрӯза барои журналист ва расонае ин наметавонад, баҳонае бошад. Имрӯз интернет ва дигар воситаҳои техникӣ имконият фароҳам овардааст, ба ҳама чиз дастрасӣ дошта бошем. Ҳангоми омода намудани ин ё он мавод аз хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, мувофиқи қунонгузорӣ ва ахлоқи журналистӣ сарчашмаи онро бояд муайян ва нишон диҳем. Мутассифона, дар Тоҷикистон ин чиз риоя намешавад. Масалан, дар «Ховар» инро борҳо мушоҳида кардам, ки ҳангоме мавод дар сомонаи мо гузошта ё дар радио пахш мешавад, баъзе ҳамкасбон хабарро гирифта, дидаву дониста онро бетағйир дар сомонаи худ ҷой медиҳанд, вале бидуни сарчашма. Ҳатто, вақтро аз мо ҳам пештар нишон медиҳанд. Ин амал ноҷавонмардист, ҳеҷ ба ахлоқи журналистӣ мутобиқат намекунад. Аммо, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, рӯҳафтода нестем, бо дили гарм кӯшиш менамоем, ки аз ҷиҳати касбият, фаврият ва саҳеҳу дақиқ пешниҳод кардани хабарҳо аз дигарон қафо намонем. Махсусан, Тоҷикистон аз берун зери таъсири мубориза ва фишорҳои иттилоотӣ қарор дорад, бояд миёни тамоми журналистони Тоҷикистон муттаҳидӣ бошад. Ҳама мисли як мушт бошем ва аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манифатҳои милливу давлатӣ ҷаҳд варзем. Ҷудоиандозӣ ҳеҷ вақт бар манфиати кор нахоҳад буд. Хушбахтона, дар фазои иттилоотии давлати соҳибистиклоли Тоҷикистон чи дар расонаҳои давлатӣ ва чи хусусӣ қувваи хуби эҷодии аз ҷиҳати касбият баланд ҷой дорад. Журналистоне дорем, ки дорои донишу малакаи хуби роҳбарӣ, касбӣ, масъулиятшиносанд, дар дохил ва хориҷи кишвар соҳибнуфузанд.
-Оё ҳамон муште, ки Шумо мегӯед, онро дар мисоли «Ховар» дидан мумкин аст?
-Албатта. Соли гузашта, баъзе расонаҳои хусусӣ ҳангома бардошанд, ки «Ховар» мехоҳад иттилои расмии давлатиро инҳисор кунад, вале ин ягон асоси воқеӣ надошт. Баръакс, мо худро барои сохторҳои давлатии ҳукуматӣ ва расонаҳои иттилоотӣ ҳамчун як мақоми кумакрасон гузоштем. Яъне, дар фазои иттилотии кишвар «Ховар» мисли дигар расонаҳо хабаррасон аст. Аз рӯйи мантиқ, бояд мо бо дигар расонаҳо рақобат дошта бошем, вале мо на худро рақиби дигарон, балки кумакрасон меҳисобем. Дар тамоми сохторҳои давлатӣ, аз қабили вазорату идораҳо, кумитаҳо, мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо марказҳои матбуотӣ ва шахсони масъули рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муайян шудаанд, аммо аксарияти онҳо дар ҳоли ташаккулёбӣ ё таъсисёбӣ қарор доранд. Ҳатто, бештарашон сомона надоранд, агар бошанд ҳам, фаъол нестанд. Дар ин ҳолат мо омодаем, ки «Ховар»-ро мисли маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ муаррифӣ созем ва тамоми хабарҳои муҳиму муътамадро дар сомонаамон ҷойгир намоем, ки ин бар манфиати ҷомеа аст.
-Мавридҳое мушоҳида мешавад, ки сохторҳои давлатӣ барои пешниҳоди иттилооти расмӣ аз расонаҳо мактуби идора мепурсанд. Баъди пешниҳоди мактуб масъулин боз ибораҳои «гирифтани иҷозати роҳбар» «маълумоти сирри махфӣ» ва ғайра баҳона пеш меоранд ва бо ин роҳ як навъ монеа барои гирифтани иттилоъ мешаванд. Оё ин ҳолат дар «Ховар» ҳам ҷой дорад? Умуман, «Ховар» иттилоъро чӣ гуна дастрас менамояд?
- Бале, дар мо ҳам баъзан чунин баҳона ва танбалиҳо ҷой доранд. Вале ман фикр мекунам, ки чунин набояд бошад. Мувоқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон маълумот ба расонаҳо дар вақти муқарраргардида пешниҳод гардад.
-Воқеан, баъди омадани шумо ба «Ховар» дар як муддати кӯтоҳ он хеле пеш рафт. Пешниҳоди хабарҳои кӯтоҳу фаврӣ дар баробари бо забонҳои тоҷикиву русӣ, англисӣ, форсӣ, арабӣ ва ғайра...
-Команда баъд аз омадани ман дигар нашудааст. Ҳайати корӣ аз ҳамон журналистоне иборатанд, ки қаблан кор мекарданд. Фақат талаботро хуб ба роҳ мондем. Яъне, вақте ки мардум субҳ ба кор меоянду «Ховар»-ро мекушоянд, бояд дар он ҷо хабарҳои субҳона мавҷуд бошад. Мо як соат пеш аз вақти кории муқаррардида фаъолиятамонро шурӯъ мекунем. Албатта, бо риояи қонунгузории меҳнат ва ба таври навбатдорӣ ин сурат мегирад. Ҳамчунин, рӯзҳои истироҳат аз тариқи навбатдорӣ хабарҳо дар сомона гузошта мешаванд. Пеш аз омадани ман, форсиву арабӣ набуд, англисӣ бисёр дар ҳолати заиф буд. Ҳоло баробар ба 5 забон дар сомона хабару гузоришҳо пахш мешаванд.
-Ҳамарӯза чӣ қадар мавод дар сомона ҷой карда мешавад?
-Аз 80 то 100 хабар.
Усмон Раҳимзода,
«Тоҷикистон»
Маълумотнома
Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ 3 ноябри соли 1995 бо мақсади мусоидат ба рушди ҳамкории иттилоотӣсозмон дода шудааст. Яке аз вазифаҳои асосии агентиҳои иттилоотии давлатии аъзои Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ маълумот додан ба аҳолӣоид ба равандҳои ҳамгироӣдар Иттиҳод мебошад. Шӯрои агентиҳои итилоотии давлатии ИДМ ба масъалаи ҳамкорӣбарои аз худ намудани технологияҳои муосири ВАО ва истифодаи васеи он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Тибқи талаботи муқарраргардида ҷаласаи Шӯро на кам 2 маротиба дар сол гузаронида мешавад.