Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо ҳайати намояндагони Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон

$
0
0

Имрӯз Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон бо роҳбарии профессор Санада Ҳисаши  сардори факултаи тандурустӣ ва тарбияи ҷисмонии донишгоҳи мазкур мулоқот анҷом дод. 

Дар ин хусус Наврӯз Қурбонов,Мутахассиси пешбари Бахши таҳлил ва иттилоти Кумита мазкур ба пресса тҷ иттилоъ дод.
Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода нахуст аз ҳамкории кишварҳо ёдоварӣ карда, изҳор дошт, ки ҷонибҳо дар бештари масъалаҳо ҳамкории муштарак доранд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бештар аз 128 макотиби варзишӣ фаъолият мекунанд, ки дар бештари онҳо ҷавонону наврасони тоҷик дар баробари гуштини миллии тоҷикӣ ба намудҳои варзиши ҷопонӣ, аз қаиблӣ ҷудо (дзюдо) машғул мебошанд. 
Роҳбари Кумита, ҳамзамон, аз сиёсати варзишпарваронаи Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои варзишгарон ва рушду инкишофи гуштини милии тоҷикӣ дар масири таърих ёдовар шуда, таъкид дошт, ки варзишгарони тоҷик сол ба сол дар мусобиқоти байналмилалӣ ба дастовардҳои бештар ноил мегарданд.   
Раиси Кумита аз ташрифи профессорони ҷопонӣ истиқбол намуда, изҳор дошт, ки он боиси тағйиротҳои ҷиддӣ дар илми варзиш мегардад. 
Намояндаи Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон Санада Ҳисаши дар навбати худ аз ҳамкории ҷонибҳо изҳори қаноматмандӣ карда, таъкид дошт, ки давлати Ҷопон бо Тоҷикистон ҳамкории мутақобиланд судмандро ба роҳ мондааст ва барои боз ҳам мустаҳкам намудани дӯсти миёни мардумони ду кишвар метавон ҳамкориҳоро дар бахши варзиш ба роҳ монд. 
Профессори ҷопонӣ, ки ба таҳқиқи намудҳои гуногуни варзиш машғул аст, гуштини милии қадимии тоҷикро хеле ҷолиб арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ба гӯштини милии қадими тоҷик таваҷҷуҳи зиёд дорад. 
Санада Ҳисаши дар ин мулоқот аз меҳмоннавозии тоҷикон ва рушди варзиш ситоиш карда, изҳор дошт, ки соли оянда барои иштирок дар ҷашни Наврӯз ва гуштини миллӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. 
Аҳтам Абдуллозода зимни мулоқот таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон ба намуди варзиши ҷопонӣ таваҷҷуҳи варзишгарон хеле зиёд буда, табодули таҷрибаи мутахассисони ҷопонӣ ба муррабиёни тоҷик аз рӯи мақсад мебошад. 
Дар фарҷом ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар табодули афкор намуданд. 

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>