
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сардори штаби Артиши халқии озодагри Чин мулоқот кард.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Фан Фэнхоэй, узви Шӯрои маркази ҳарбӣ ва сардори штаби Артиши халқии озодгари Чин ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Расиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо ин масъули баландпояи артиши Чин таъкид намудааст, ки “масъалаи таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин, дар маҷмӯъ бахши амниятӣ мавзӯи муҳими ҳамкориҳои кишварҳои мо мебошад”.
Бар асоси иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва сардори штаби Артиши халқии озодгари Чин аз муносибати Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони густариши ҳамкориҳои дуҷониба шудаанд. Ин дар ин мулоқот ҷонибҳо дар баробари ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ, масъалаи тайёр кардани кардҳои баландихтисоси низомиёни тоҷик ва иҷрои созшиномаҳои имзошударо баррасӣ кардаанд.