Дар толори хурди "Шарқи озод"маҳфиле ба хотири зиндаёд Мақсуд Ҳусейн баргузор шуд.
Иброҳим Усмонов, Хуршеди Атовулло, Раҷаби Мирзо, Нуралӣ Давлат ва Нуриддин Қаршибоев дар маҳфил суханронӣ намуда, аз зиндаёд мақсуди Ҳусейн ба некӣ ёд карданд.
Раҷабӣ Мирзо дар ин маҳфил хитоб ба журналистони ҷавон гуфт, агар хоҳем, ки бо журналистика бошем, бояд мақсудвор журналистикаро дӯст дорем. Хуршеди Атовулло ҳам таъкид кард, ки насли нави журналистика бояд мисли Мақсуд Ҳусейн журналистикаро дӯст дорад.
Иззатбеки Иддизод, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамдарси Мақсуд Ҳусейн мебошад, хотираҳои давраи донишҷӯияшонро нақл кард.
Addthis: