Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ниҳолшинонии Э. Раҳмон дар деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор

$
0
0

Дар маросими ниҳолшинонӣ дар ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон ширкат кардааст.

Дар ин маросим 3000 сокини ноҳия ширкат карда, дар майдони 340 гектар ниҳол шинониданд. Дар ин хусус Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25 феврал дар ҳашари ниҳолшинонӣ барои бунёди боғи нав дар ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор иштирок кардааст. 

Ба иттилои манбаъ худи Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҷамоати деҳоти Алмосӣ якчанд ниҳоли гелос, олу ва себ шинонда, боғи навро боғи 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон ном гузоштаанд. Дар маҷмуъ тибқи барномаи давлатӣ солҳои 2016 — 2020 дар ноҳияи Ҳисор дар майдони 2966 гектар бояд боғу токзор бунёд карда шавад. 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>