
«Сабаби аслии нокомии шумо на дар мардуми одӣ, на дар Ҳукумат, балки дар зиёии бахили зараровари шумост. Зиёии шумо яке дигареро чашми дидан надорад».
Масеҳо Қулизода, устоди Донишгоҳи Ҳамадони Эрон
Дар мо, тоҷикон, ду вожаи маъмул – «бахил» ва «ҳасад» ҳамеша сари забонҳост. Нисбати якдигар мегӯем:– «вай бахил аст» ва « фалонӣ, ҳасад мебарад». Аммо боре ангушти тафаккур зери дандон мондаем, ки ин ду каломи арабӣ чӣ маъное доранд? Дар аксар луѓатҳои машҳур мафҳуми «бахил»– гурусначашм, тангчашм, хасис, мумсик, зафт ва «ҳасад»– ба мол ва ҷоҳи касе рашк бурдан ва заволи онро хостан, бадхоҳӣ ва рашк бурдан омадааст. Акнун дар шарҳу баёни ин ду калима, ки дар «сангпартоии мо нисбати якдигар» яке дигареро болу пар мебахшад, ҳеҷ душворие падид намеояд.
Нависандае, ки худро дар маҳфилҳо бешармона классик меномад, олими ҷувздонаш варамидаи беамал, пизишки овозадори тамаъкор, ки худро вориси Буалӣ ба қалам медиҳад, овозхони садояш хиррӣ, ки бо ҷӯрабозӣ унвон харидаасту дигаронро «бузовоз» меномад, ҳунарманди саҳна, ки хешро нотакрор ҳисобидааст. Боз киҳоро номбар кунем? Кулламон, ки худро зиёӣ медонем, магар ба якдигар бахил нестему ҳасад намебарем?
Корафтодае ба ҳузури зиёии мансабдор дарояд, фаразан даст ба киса барад, вай чашм во мекунад, ҳирс дар хунаш ҷӯш мезанад. Рафту аз ҷайб халтачаи нос баровард, носӣ бошад, мегӯяд, ки «мо ҳам як кашем». Дидед, ин зиёисурати амалдор аз нос ҳам тамаъ дорад! Ё ҷавони боистеъдоде, ки ҷӯёи кор асту аризааш бо хатти хоно ва беғалат иншо шудааст, бахилу ҳасуди зиёии муҳрбадаст ба он бо қираи чашм нигариста, нимѓурма мепурсад, ки «аризаро худатон навиштед?». Ҷавони бечора барои тасдиқ, агар калла ҷунбонад, кайфи эшон мепарад, ки ин соҳибистеъдод дар оянда курсиашро соҳиб мешавад.
Бахилии зараровар, чуноне ки Қулизода бароямон гӯшрас кардааст, на танҳо миёни мо зиёиён, балки қишр андар қишри ҷомеа ба назар мерасад. Дар бозор картошкафурӯш ба пиёзфурӯш ҳасад мебарад, ки вай имрӯз савдои хуб кард. Арӯсе аз хонаи тиҳидаст ҳасудона оҳи сард мекашад, ки падар барояш мошини «Лимузин» дархост накард, зани нафсаш қозгиршуда аз гиребони шавҳар медорад, ки вай мисли марди ҳамсоя аз бозор кабоби кабку бедона намеорад.
Давомаш дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон" Бурҳон Салмонов, рӯзноманигор