Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Қатли “Зафар бедняк” аз ҷониби "Эмом Хубак"

$
0
0

Зафар Азимов маъруф бо лақаби “Зафар бедняк” дар назди "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе ба қатл расонида шуд.

Як манбаъ аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар суҳбат ба расонаҳо гуфтааст: “Куштор шаби гузашта, зимни як муноқиша дар назди Наврӯзгоҳ рух додаст. Акси айбдоршавандаи асосӣ миёни кормандони милиса тақсим шуда, феълан амалиёт барои боздошти ӯ идома дорад. Тибқи иттилои дарёфтӣ муттаҳам ҳанӯз дар ҳудуди Душанбе қарор дорад”.

Ба иттилои манбаъ, "Зафар бедняк"шаби гузашта бо пайвандони Эмом Мақсудов, маъруф бо лақаби "Эмом Хубак"вориди муноқиша шудаанд, ки дар натиҷа Эмом Мақсудов Зафар Азимовро ба қатл мерасонад.

Ҷасади Зафар Азимов субҳи рӯзи 19 феврал ба зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки Зафар Азимов ва Эмом Мақсудлв тоҷирони маъруфи шаҳри Душанбе мебошанд. Қаблан бародари Эмом Мақсудов-Билол Мақсудов ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии 57 килло маводи нашъа равонаи зиндон шуда буд.
 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>